Сентябр 03, 2020 12:49 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими мақомоти аршади Девони байналмиллалии кайфарӣ аз сӯи Амрико

Амрико дар давраи зимомдории Доналд Трамп рӯйкарди манфӣ дар қиболи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ иттихоз кардааст. Ҷадидтарин иқдоми давлати Трамп дар ин замина, таҳрими Девони байналмиллалии кайфарӣ аст, ки ниҳоди байналмиллалии масъули расидагӣ ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва низ ҷиноятҳои зидди башарӣ маҳсуб мешавад.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар иқдоме алайҳи Девони байналмиллалии кайфарӣ, ки дар Лоҳаи Нидерланд мустақар аст, ду мақоми аршади онро мавриди таҳрим қарор дод. Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар ин бора гуфт, Фатоу Бенсода- додситони додгоҳи Лоҳа ва Факисо Мочочоко- раиси бахши равобит ва ҳамкориҳо ва ҳавзаҳои қазоӣ мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи вай дигар касоне ҳам, ки дар ин парванда ба Бенсода кумак мекунанд шомили ин таҳримҳо ва ҳамчунин маҳдудиятҳои визаӣ қарор мегиранд. Иқдоми бесобиқа ва ғайри қонунии Амрико бо вокуниши тунди Девони байналмиллалии кайфарӣ мувоҷеҳ ва дар баёнияе зимни радди ин иқдоми «бесобиқа ва ғайриқобили қабул» таъкид кард, ки «чунин иқдомоте танҳо талоши муштараки мо барои мубориза бо масуният дар баробари ҷиноёти умумиро тазъиф мекунад.»

Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар 11 июни 2020 бо имзои як фармони иҷроӣ муҷаввизи эъмоли таҳрим алайҳи Девони байналмиллалии кайфариро содир кард. Трамп ин муҷаввизро ба далели таҳқиқоти Девони байналмиллалии кайфарӣ дар бораи ҷурмҳои Амрико дар Афғонистон эъмол кард. Ба гуфтаи Ричорд Декир, мудири бахши адолати байналмиллалии дидбони ҳуқуқи башарӣ давлати Трамп бо таҳрими Девони кайфарӣ ҳамалоти худро ба ҳокимияти қонун дар ҷаҳон идома медиҳад ва ин иқдом Иёлоти Муттаҳидаро дар канори муртакибони нақзҳо қарор медиҳад.

Амрико узви Девони байналмиллалии кайфарӣ нашуда ва салоҳияти ин девон барои анҷоми таҳқиқ дар мавриди шаҳрвандони амрикоиро ба ин баҳона, ки "ҳокмияти миллии Амрико"-ро таҳдид мекунад, ба расмият намешиносад. Мақомоти давлати Трамп баҳонаҳои мухталиферо барои тавҷеҳи ин иқдоми ғайри қонунӣ алайҳи Девони байналмиллалии кайфарӣ аз ҷумла адами узвияти Амрико дар асосномаи Рим матраҳ кардаанд. Баҳонаи дигаре, ки аз сӯи Вашингтон матраҳ шуда адами интибоқи иқдомоти девон бо қавонини байналмиллалӣ аст. Масъалаи тааҷҷуббарангез инҷост, ки Девони байналмиллалии кайфарӣ олитарин марҷаъи ташхисдиҳанда ва расидагикунанда ба масъалаи ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст, пас чигуна мақомоти давлати Трамп муддаии салоҳият надоштани девон дар масъалаи расидагӣ ба ҷиноёти низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон шудаанд? Маҳдии Зокириён- устоди ҳуқуқи байналмиллал бо ишора ба салоҳиятҳои Девони кайфарии байналмиллалӣ гуфт: Вуруди девон ба вазъияти Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ ғайриқонунӣ ё онгуна, ки Амрико мегӯяд, сиёсӣ набудааст балки бар асоси салоҳиятҳои ин ниҳод, фроянди иҷрои адолат дар дастури кор қарор гирифтааст.

Шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки ҳадафи аслии Амрико аз иҷроӣ шудани таҳрими мақомоти аршади Девони байналмиллалии кайфарӣ, тарси онҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳаргуна расидагии ин девон ба ҷиноёти низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон Ва низ ҷиноёти саҳюнистҳо дар Фаластини ишғолӣ аст. Зимни ин ки равише, ки Вашингтон барои вусул ба ин ҳадаф иттихоз карда мубтанӣ бар ҳамон рӯи собит ва ҳамешагии давлати Трамп яъне эъмоли таҳрим аст. Дар воқеъ Амрико ба эъмоли таҳрим алайҳи ҷаҳон муътод шуда ва ин корро дар бораи кишварҳои душман, рақиб, дӯст ва акнун алайҳи ниҳодҳои байналмиллалӣ бо ҳадафи водор сохтани онҳо ба пайравӣ аз хостаҳои худ идома медиҳад. Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ин ки Амрико додситони аслии Девони байналмиллалии кайфариро таҳрим карда дар твитте навишт : Ин равия аз таҳрими афрод оғоз шуд, сипас ташдид шуда ва ба қудратҳои кӯчак, миёнӣ ва аслӣ тасаррӣ ёфт ва ҳоло ба шахсиятҳои байналмиллалӣ расидааст. Танҳо равиш барои мутаваққиф кардани ин ҷунун беҳадду ҳаср, даст бардоштан аз хушнудсозии Амрико аст. Таслим шудан аз беми ғазаби Амрико, танҳо валъи ин кишвар барои зӯргӯиро зиёд мекунад.

Дар воқеъ Вашингтон дар иқдоме пешдастона барои ҷилавгирӣ аз оғози раванди таҳқиқоти Девони байналмиллалии кайфарӣ дар бораи ҷиноёти низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ин фармони иҷроиро содир кардааст. Бо ин ҳол ин иқдоми Амрико бо вокуниши манфии ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуда ва гурӯҳе муташаккил аз 67 кишвар дар авохири июни 2020 бо судури баёнияи муштараке дар вокуниш ба таҳдидҳои Амрико алайҳи Девони кайфарии байналмиллалӣ, бар ҳимояташон аз ин ниҳоди қазоии байналмиллалӣ таъкид карданд. Ин мавзеъи байналмиллалӣ алайҳи ин иқдоми зӯрмадорона ва ғайри қонуниии давлати Трамп нишонгари инзивои Амрико ва мақбулият надоштани иқдомоти якҷонибаи он аст.

 

Барчасп