Сентябр 03, 2020 13:14 Asia/Dushanbe
  • Ситораи футболи Бразилия корона гирифт

Бошгоҳи Пари Сан Жермани Фаронса аз мубтало шудани чанд бозикуни ин бошгоҳ ба корона хабар дод.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Неймар-ситораи бразилияии футболи ҷаҳон ва ҳамлакунандаи бошгоҳи Пари Сан Жермани Фаронса ба корона гирифтор шудааст.

 Бошгоҳи Пари Сан Жерман ҳамчунин аз мубтало шудани ду бозикуни дигари ин тим, яъне Анхел ди Мариа ва Леонардо Парадес ба корона пас аз сипарӣ кардани таътилот дар Испания хабар дод.