Сентябр 04, 2020 20:47 Asia/Dushanbe

Дар пайи итминони ҳосилшуда аз бехатар будани ваксинаи ҷадиди зидди коронаи русӣ, мақомоти олирутбаи ин кишвар бо ҳузур дар марокизи дармонӣ, дар баробари корона ваксина мешаванд.

Сергей Собянин, раиси коргурӯҳи федерали муқобила бо корона ва шаҳрдори Маскав, нахустин мақоми рус буд, ки имрӯз эълом кард, чанд рӯз пеш аз ваксинаи корона истифода карда ва ҳоли умумии вай хуб аст.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ҳам имрӯз дар бемористони артиши Маскав ваксинаи корона тазриқ кард.

Ҳудуди ду ҳафта пеш ва ҳамзамон бо сабти расмии нахустин ваксинаи зидди коронаи Русия, духтари Владимир Путин ин ваксинаро тазриқ кард ва бар асоси эъломи пизишкон ҳоли вай комилан хуб аст ва ҳеҷ гуна аворизи манфии ношӣ аз тазриқи корона дар бадани вай мушоҳида нашудааст.

 

Барчасп