Сентябр 05, 2020 12:13 Asia/Dushanbe
  • Идомаи иттиҳомзаниҳои Амрико алайҳи Эрон, Русия ва Чин

Мушовири амнияти миллии Амрико бори дигар Эрон, Русия ва Чинро ба дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико муттаҳам кард.

Роберт О'Брайен, мушовири амнияти миллии Амрико бо иддаои ин ки се кишвари Эрон, Русия ва Чин дар садади мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр ҳастанд, нисбат ба паёмадҳои он ҳушдор дод.

Вай афзуд, аз миёни ин се кишвар, Чин барномаи густурдатар ва ҷомеъе барои дахолат дар интихоботи моҳи ноябр дорад.

Пештар Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Чинро ба талош барои ҳимоят аз Ҷо Байден, рақиби демократи худ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 муттаҳам карда буд.

Аз сӯи дигар, Байден ва дигар раҳбарони демократ, Русияро масъули дахолат дар интихобот ба нафъи Трамп муаррифӣ карда буданд.

Пештар низ Кохи Сафед ин иттиҳомот алайҳи ин 3 кишварро дар чанд навбат матраҳ карда буд.

59-умин давр аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико қарор аст, 3 ноябри 2020 баргузор шавад.

Бо ин ҳол, ба далели шуюи вируси куруно эҳтимолан бахши қобили таваҷҷуҳе аз оро аз тариқи пустӣ(почта) дарёфт хоҳад шуд.

 

Барчасп