Русия ниёзи Тоҷикистонро ба ваксина таъмин мекунад
Роҳбари гурӯҳи экспедитсионии маъмурияти хӯрокворӣ ва доруҳои Русия ба Душанбе аз таъмини ниёзи Тоҷикистон ба ваксинаи русии корона хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Риа Новости , Александр Семёнов гуфта аст, ки ройзаниҳо бо мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон барои дастрасии мардуми ин кишвар ба ваксини русии коронаӣ идома дорад .
Вай афзуд : Русия дар моҳҳои октябру ноябри имсол беш аз 5 миллион доза ваксини коронаӣ тавлид ва арза хоҳад кард .
Ба гуфтаи сарпарасти гурӯҳи эъзомии Созмони ғизо ва доруи Русия ба Душанбе , дар марҳалаи нахуст ҳеҷ ниёзе нест, ки тамомии ҷамъияти кишварҳо ваксинаи коронаро тазриқ кунанд , балки кормандони бахши беҳдоштӣ ва дармон , афроди солхӯрда ва беморони дорои алоими танаффусӣ ва музмин дар авлавияти дарёфти ваксинаи корона ҳастанд .
Семёнов афзуд : гурӯҳи эъзомии Созмони ғизо ва доруи Русия ба Тоҷикистон дониш ва таҷрибиёти худро дар заминаи озмоишҳои корона , истифода аз таҷҳизоти ҷадид ва шиносоии мазнунони мубтало ба Ковид- 19 ба пизишкони тоҷик мунтақил мекунад .
Ин гурӯҳ аз мутахассисони Русия ба манзўури муқобла бо густариши Ковид - 19 аз 22 июл дар чорчӯби барномаи Созмони Беҳдоштии Ҷаҳонӣ барои кӯмак ба Тоҷикистон дар ин кишвар ба сар мебарад .