Сентябр 07, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Боррелл ба Анкара, ташдиди тақобул байни Иттиҳоди Аврупо ва Туркия

Ташдиди ихтилофот байни Юнон ва Туркия дар бораи амалиёти иктишофии Анкара дар дарёи Эгей, ки ду кишварро дар остонаи тақобули низомӣ, қарор дода ва низ лаҳни таҳоҷумии Анкара дар қиболи Иттиҳоди Аврупо, мӯҷиби интиқоди шадиди ин иттиҳодия ва ҳушдори он ба Туркия шудааст.

Ҷозеф Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе гуфт, Туркия ба думболи бозгардондани императории собиқ аст. Вай бо ишора ба таҳаррукоти ахири Туркия дар минтақаи шарқи дарёи Мидитарона таъкид кард, ки эъмоли таҳрим алайҳи Анкара яке роҳҳои муассир барои эҷоди боздорандагӣ алайҳи Туркия аст. Жан-Ив Лодриан, вазири хориҷаи Фаронса низ эълом кард, дар нишасти ояндаи порлумони Иттиҳоди Аврупо мавзӯи эъмоли таҳрими Туркия баррасӣ хоҳад шуд ва имкони иттихози маҷмӯаи комиле аз иқдомот алайҳи Туркия вуҷуд дорад.

Пеш аз ин низ мақомоти юнонӣ дар дидор бо сарони Иттиҳоди Аврупо хостори эъмоли таҳрим алайҳи Анкара ба далели нақзи ҳудуди дарёӣ дар шарқи дарёи Мидитарона шуданд.Туркия тайи моҳҳои ахир фаъолиятҳои худ дар заминаи ҳаффорӣ ва амалиёти иктишофи нафт ва газро дар дарёи Эгей ва Мидитаронаи шарқӣ бештар карда ва ҳамин масъала вокуниши ҳамсоягони ҷанубӣ ва ғарбии ин кишвар ба вижа Юнон ва Қибрисро дар пай доштааст. Анкара муддаӣ аст, ки дар пайи фурӯпошии императории Усмонӣ пас аз Ҷанги ҷаҳонии аввал ва тавофуқоти пас аз он, мӯҷиб шуда то Туркия аз бисёре манотиқ ва ҷазоир дар дарёи Эгей ва Мидитаронаи шарқӣ, маҳрум шавад. Эрдуғон ахиран гуфта, ки Анкара намепазирад дар дохили соҳили худ маҳсур шавад. Лизо Анкара бо анҷом додани амалиёти иктишофӣ дар наздикӣ ва атрофи ҷазоири юнонӣ дар ин минтақа ва таъкид бар идомаи он, амалан масири тақобул бо Юнон ва Иттиҳоди Аврупоро дар пеш гирифтааст. Ба гуфтаи Афина минтақае, ки Туркия дар он машғули анҷоми амалиёти иктишоф аст дар маҳдудаи инҳисории иқтисоди Юнон қарор дорад. Туркия ва Юнон тайи ин муддат ҳамдигарро ба нақзи ҳарими ҳавоӣ ва адами тааҳҳуд ба тааҳҳудоти тарафи муқобил муттаҳам карда ва боиси бурузи таниш байни ин ду кишвар шавад.

Афзоиши танишҳо байни Туркия ва бархе аъзои Иттиҳоди Аврупо бар сари манобеи газии шарқи Мидитарона, мӯҷиби дӯрии ҳарчӣ бештари Анкара аз Иттиҳоди Аврупо ва афзоиши танишҳои дуҷониба шудааст. Ба гуфтаи Ҷозеф Ҳинкс, коршиноси сиёсии амрикоӣ: Иттиҳоди Аврупо қотеъона пушти сари Юнон истода ва ба Анкара ба далели густариши амалиёти иктишофӣ ҳушдор додааст.

Ин масъала бавижа бо пофишории мақомоти аршади турк бар мавзеи худ афзоиши танишҳо дар равобити дуҷонибаро ба ҳамроҳ доштааст. Ҳадафи Анкара ин аст, ки бо тадовуми амалиёти иктишофии худ на фақат мӯҷиби бознигарӣ дар бораи вазъияти ҳуқуқи ҷазоири юнонӣ наздики соҳили Туркия шавад, балки Иттиҳоди Аврупоро низ водор созад, ки ба ҳимоят аз хостаи Анкара бипардозад. Амре, ки бо таваҷҷуҳ ба мавзеи ҳимоятомези комили Брюссел дар ҳимоят аз Юнон ва Қибрис то ҳадди зиёде ғайри мӯҳтамал ба назар мерасад. Ин дар ҳоле аст, ки бархе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гомҳои амалӣ барои ҳимоят аз Юнон бардоштаанд. Фаронса иқдом ба фурӯши 10 адад ва вогузории маҷонии 8 ҷангандаи пешрафта ба Юнон карда ва ҳатто ягонҳои дарёии худро ба минтақа эъзом кардааст.

Равобити Иттиҳоди Аврупо ва Туркия пас аз кудатои нофарҷоми июли 2016 ҳамвора равобите танишомез буда ва мӯҷиби таълиқи раванди узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо шудааст. Дар айни ҳол Брюссел рӯйкарди интиқодӣ дар бораи сиёсати дохилӣ ва таҳаввулоти марбут ба тағйири низоми сиёсии Туркия аз парлумонӣ ба раёсатӣ дошта ва дар ду соли ахир ихтилофоти ҷадиде монанди дахолати низомии Туркия дар шимоли Сурия ва ахиран мудохилаи низомии Анкара дар ҷанги дохилии Либия мӯҷиби вогароии ҳарчӣ бештари Иттиҳоди Аврупо ва Туркия шудааст. Дар бурҳаи кунунӣ бо таваҷҷуҳ ба инки ду кишвари узви ин иттиҳодия, яъне Юнон ва Қибрис ба таври мустақим дар муноқишаи дарёӣ бо Туркия дар бораи иктишоф ва истихроҷи газ аз манобеи дарё дар дарёи Эгей ва Мидитаронаи шарқӣ даргир ҳастанд, лизо Брюссел бар ҳимоят аз ин ду кишвари узви ин иттиҳодия пофишорӣ мекунад. Мавзеи Иттиҳоди Аврупо муқобилаи қотеъ бо Туркия аст. Брюссел пештар низ иқдомоти иктишофии Туркияро «ғайриқонунӣ», хонда ва ба Анкара ҳушдор дода, ки дар сурати мутаваққиф накардани амалиёит иктишофӣ омодааст то «вокуниши муносиб»-ро анҷом хоҳад дод. Ба гуфтаи Мирқосим Муъминӣ, коршиноси масоили Туркия: аврупоиҳо агар қарор ба ҳимояти аланӣ бошад, аз Юнон ҳимоят ва пуштибонӣ хоҳанд кард. Дар муқобил агар қарор бошад, ки Туркия худро дар мавзеи заъф бубинад, Иттиҳоди Аврупоро дубора таҳдид хоҳад кард, ки меҳвари он паноҳҷӯёни хоҳанд буд. Иттиҳоди Аврупо акнун эъмоли таҳримҳо алайҳи Туркияро маддиназар дорад. Ҳарчанд Эрдуғон таҳдид карда эъмоли ин таҳримҳо вокуниши шадиди Туркияро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Албатта Брюссел бар музокира бо Анкара барои ҳалу фасли ихтилофот низ таъкид мекунад. Дар ин росто раиси парлумони Аврупо ба Эрдуғон иттилоъ дода, ки гузинаҳои таҳрим ва гуфтугӯи ҳамаҷониба бар рӯи миз аст ва бинобар ин аз ӯ хост, ки танишзудоӣ карда ва ба иқдомоти таҳрикомез поён диҳад. Бо ин ҳол дурнамои равобити Иттиҳоди Аврупо ва Туркия равшан баназар намерасад.

 

Барчасп