Бозгашти теъдоде аз зиндонёни озодшудаи Толибон ба майдони ҷанги Афғонистон
Сентябр 07, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
Шуморе аз зиндониёни озодшудаи Толибон дар вилояти Бағлон, шимоли Афғонистон алайҳи нерӯҳои давлатӣ меҷанганд.
Ба гузориши хабаргузории “Ово”, узви Шӯрои вилоятии Бағлон рӯзи душанбе гуфт, пас аз озодии зиндониёни Толибон аз сӯи давлати Афғонистон, яке аз фармондеҳони ин гурӯҳ ба номи Мавлавӣ Ибодуллоҳ, ки ба тозагӣ аз зиндон раҳо шуда, дар рустои Форзуи шаҳристони Хӯсти Бағлон дубора ҷанг алайҳи давлатро оғоз кардааст.
Фирӯзиддин Эймоқ афзуд, рӯзи якшанбе як низомии афғонистонӣ дар даргирӣ бо шуморе аз зиндониёни озодшудаи Толибон кушта шуд.
Тибқи тавофуқномаи Қатар, Толибон итминон дода буд, ки зиндониёни ин гурӯҳ, ки озод мешаванд, ба майдони ҷанг бознамегарданд.