Ибтило ба бемории ношинохта дар пайи тазриқи озмоишии ваксинаи корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57293-Ибтило_ба_бемории_ношинохта_дар_пайи_тазриқи_озмоишии_ваксинаи_корона
Озмоиши ваксинаи корона дар Англия дар марҳилаи пешрафтаи худ ба иллати бурузи як беморӣ дар яке аз довталабоне, ки ин ваксина рӯи вай озмоиш шуда буд , мутаваққиф шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 09, 2020 08:28 Asia/Dushanbe
  • Ибтило ба бемории ношинохта дар пайи тазриқи озмоишии ваксинаи корона

Озмоиши ваксинаи корона дар Англия дар марҳилаи пешрафтаи худ ба иллати бурузи як беморӣ дар яке аз довталабоне, ки ин ваксина рӯи вай озмоиш шуда буд , мутаваққиф шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , озмоишҳои болинии яке аз ваксинҳои озмоишии Ковид -19, ки бо ҳамкории донишгоҳи Оксфорд дар ҳоли тавлид аст, дар марҳалаи пешрафтаи озмоиш мутаваққиф шуд .
Таваққуфи мароҳили озмоиши ин ваксина дар пайи он сурат гирифт, ки яке аз довталабон  пас аз тазриқи он ба як бемории ношинохта мубтало шудааст .
Дар ҳоле, ки миллиардҳо нафар дар саросари ҷаҳон  ҳамчунон аз бемории ҳамагири корона ранҷ мебаранду мизони маргу мири ношӣ аз он дар ҷаҳон ба 900 ҳазор нафар наздик мешавад , рақобати  ҷаҳонӣ барои тавлиди ваксина эҷод шудаасту 9 ширкат дар марҳалаи сеюм, яъне охирин марҳалаи озмоишҳои ваксинаи худ ҳастанд .
То кунун беш аз 27 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шуда ва беш аз 890 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд .

Марҳилаи сеюми озмоишҳо аз ҷониби ширкати бритониёӣ ва шведии AstraZeneca дар ИМА охири моҳи август оғоз ёфт.  
Мароҳили пешини тести ин ваксина дар Англия , Бразилия ва Африқоии ҷанубӣ анҷом шуда буд .