Сентябр 09, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Роналдо ба рекорди ситораи эронӣ наздиктар шуд

Кристиано Роналдо, ситораи тими миллии футболи Португалия теъдоди голҳои миллии худро ба адади 101 расонд то танҳо ҳашт гол бо рекорди Алии Доӣ, муҳоҷими афсонаии футболи Эрон фосила дошта бошад.

Сешанбешаб дар идомаи ҳафтаи дувуми лиги миллатҳои Аврупо, тими миллии Португалия дар Стокголм ба меҳмонии Шветсия рафт ва ду бар сифр баранда шуд.

Роналдо - капитан ва ситораи тими миллии Португалия ду бор дар дақиқаҳои 45 ва 72 –и ин бозӣ барои Португалия голзанӣ кард то фосилаи теъдоди голҳояшро бо голҳои Алии Доӣ, муҳоҷими собиқи тими миллии Эрон ва беҳтарин голзани ҷаҳон дар дидорҳои миллӣ, боз ҳам коҳиш диҳад.

Алии Доӣ, устураи футболи Эрон бо 109 гол, беҳтарин голзани таърихи дидорҳои миллии ҷаҳон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба омодагии ҷисмии Роналдо ва ин ки ӯ феълан қасди худоҳофизӣ аз дидорҳои миллиро надорад, ба назар мерасад, ки ин ситора ба зудӣ рекорди Доиро хоҳад шикаст.