Сентябр 10, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни Чин ва Эрон дар размоиши «Қафқоз 2020» Русия ширкат мекунанд

Низомиёни Чин ва Эрон ба ҳамроҳи теъдоде дигар аз кишварҳо дар размоиши «Қафқоз 2020»-и Русия ҳузур хоҳанд ёфт.

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, вазароти дифои Чин рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки нерӯҳои низомии Чин ба ҳамроҳи нерӯҳои русӣ дар размоише, ки авохири моҳи ҷории милодӣ дар ҷануби Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Бино бар эъломи вазорати дифои Чин, дар ин размош, ки «Қафқоз 2020» ном дорад, нерӯҳои низомӣ аз кишварҳои Эрон, Арманистон, Беларус, Миёнмор, Покистон ва чанд кишвари дигар низ ҳузур хоҳанд дошт.

Вазорати дифои Чин дар идома гуфт, нерӯҳои чинӣ дар размоиши “Қафқоз 2020” бо худравҳои зиреҳӣ ва таслиҳоти сабук ҳузур хоҳанд ёфт. Ин размоиш қарор аст тайи рӯзҳои 21 то 26 сентябр  баргузор шавад ва тамаркузи он бар рӯи токтикҳои дифоӣ, муҳосира кардан, фармондеҳӣ ва контроли арсаи даргирӣ хоҳад буд.

 

Барчасп