Эҳтимоли ибтило ба корона дар рестаранҳо 2 баробар бештар аст
Натиҷаҳои мутолиоти ҷадид нишон медиҳад дар маконҳое, ки наметавон ҳамеша ниқоб пушид, монанди рестаране,ки мардум барои хурдан ё нӯшидан бояд ниқоби худро бардоранд, хатари ибтило ба корона бештар аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, муҳаққиқони « маркази кантрол ва пешгирӣ аз бемориҳо » дар Амрико гузориш карданд, бештари бузургсолоне, ки озмоиши Ковид-19 онҳо мусбат шудааст 14 рӯз пеш аз ибтило ба ин беморӣ дар як рестаран ғизо хӯрдаанд.
Ин мутолиа шомили иттилооти марбут ба 314 фарди болиғе мешавад, ки дар моҳи июл ба далели доштани алоими Ковид-19 дар 10 иёлоти Амрико озмоиш шуданд .
Натоиҷи ин мутолиа нишон дод бузургсолоне, ки натиҷаи озмоиши коронаии онҳо мусбат бӯд ду баробари афроде, ки натиҷаи озмоиши онҳо манфӣ шуда бӯд гуфта буданд, ки 14 рӯз қабл аз ибтило ба ин беморӣ дар як рестаран ғизо хӯрдаанд ва ё ба як кофешоп рафтаанд .
Ҳамчунин 42 дарсади аз бузургсолоне, ки натиҷаи озмоиши коронаии онҳо мусбат буд дастикам бо як фарди мубтало ба Ковид-19 дар тамос будаанд ва бештарин тамосҳои наздик бо аъзои хонивода будааст .
Ҳамчунин миёни афроде, ки натиҷаи озмоиши коронаии онҳо мусбат шуда буд бо афроде ки натиҷаи ин озмоиши онҳо манфӣ буд дар заминаи харид кардан, ширкат дар иҷтимооти камтар аз 10 нафар дар хона, рафтан ба идора , бошгоҳи варзишӣ, ороишгоҳ, истифода аз васоили ҳамлу нақли умумӣ ё ширкат дар иҷтимооти мазҳабӣ ки монеъи истифода аз ниқоб нест ихтилофи қобили таваҷҷӯҳе вуҷуд надошт .