Октябр 10, 2016 11:04 Asia/Dushanbe
  • Созмони милал: Шумори оворагони Қундуз ду баробар шудааст

Бино бар эъломи Созмони милал, шумори касоне, ки пас аз ҳамлаи Толибон ба шаҳри Қундуз маҷбур ба тарки хонаву кошонаи худ шудаанд, дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши шабакаи Presstv, дафтари ҳамоҳангии умури инсондӯстонаи Созмони милал эълом кард, гузоришҳои аввалия нишон медиҳад, ҳудуди 34 ҳазор нафар аз шаҳри Қундуз гурехтаанд.

Дар ин баёния омадааст: "Бадалели инки арзёбиҳо ҳануз комил нашуда ва хонаводаҳо ҳамчунон дар ҳоли ҷобаҷо шудан ҳастанд, ин омор батаври қатъ тағйир хоҳад кард".

Гуфта мешавад, сокинони ваҳшатзадаи Қундуз ба вилоятҳои Балх, Бағалон, Тахор ва шаҳри Кобул фирор кардаанд .

Шибҳ‌низомиёни Толибон душанбеи ҳафтаи гузашта ҳамлаи ҳамаҷонибаеро ба шаҳри Қундуз анҷом доданд ва бахшҳое аз шаҳрро тасарруф карданд .

Сокинони Қундуз баъди ин ҳамла бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ шудаанд .