Сентябр 17, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳарбаи ҷадиди Вашингтон барои муқобила бо лағви таҳрими таслиҳотии Эрон

Амрико аз соли 2019 корзори густардаеро ба манзури ҷилавгирӣ аз лағви таҳрими таслиҳотии Эрон, ки қарор аст тибқи қатъномаи 2231 дар 18 октябри 2020 хотима ёбад, оғоз кардааст. Бо шикасти ин талошҳо дар Шруои амнияти Созмони Миллал, Вашингтон акнун дар иқдоме аз сари ноумедӣ, муддаии таҳрими ширкатҳои таслиҳотӣ дар сурати муомила бо Теҳрон шудааст.

Давлати Трамп рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки ҳар тавлидкунандаи байналмиллалии аслиҳа, ки иқдом ба муомила ва тиҷорат бо Эрон кунад, таҳти таҳримҳои Вашингтон қарор хоҳад гирифт.

Оливет Эйбромз, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон дар ин бора тасреҳ кард, ки пас аз поёни таҳрими таслиҳотии Эрон, билофосила ва бо тамоми қудрат ҳар ширкати байналмиллалие, ки иқдом ба ҳамкорӣ бо Эрон кунад, таҳти таҳримҳои сонавияи Амрико қарор хоҳад гирифт. Эйбромз дар ҳоле ин мавзӯъро эълом кард, ки соатҳое пеш аз он, Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки Вашингтон дар талош аст то таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эронро доимӣ кунад.

Ба назар мерасад мавзеъи ҷадиди Амрико дар ин замина бо таваҷҷуҳ ба чашмандози ноумедкунандаи талошҳои густурдаи давлати Трамп барои тадовуми таҳрими таслиҳотии Эрон иттихоз шудааст. Вашингтон қаблан умедвор буд, ки бо таваҷҷуҳ ба таркиби Шурои амният битавонад ба роҳатӣ қатъномаи пешниҳодии худ барои ҷилавгирӣ аз лағви таҳрими таслиҳотии Эронро ба тасвиб бирасонад.

Аммо бо нокомии бесобиқае дар Шурои амният мувоҷеҳ шуд. Бад-ин маъно, ки на фақат қудратҳои байналмиллалии рақиби Амрико яъне Русия ва Чин ба ин қатънома овози манфӣ доданд, балки шарикони аврупоии Вашингтон дар канори бақияи аъзои Шурои амният ба ҷуз Ҷумҳурии Довоминин бо овози мумтанеъ ба ин қатънома амалан, посухи манфӣ ба дархостҳои мукаррар ва ҳатто таҳдидоти Амрико барои овози мусбат ба қатъномаи пешниҳодияш доданд.

Ба гуфтаи Наталӣ Точӣ, раъиси андешкадаи равобити байналмиллали Италия: Натиҷаи овозгирии ахири Шурои амнияти Созмони Миллал дар мухолифат бо пешниҳоди Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эрон «шикасте вайронгар» барои дипломосии давлати Трамп буд.

Амрико дар марҳилаи баъд барои расидан ба хостаи худ , бо ироаи иблоғияе муддаии поймолсозии асосии тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ аз ҷониби Эрон ва дар натиҷаи бозгашти худкори таҳримҳои байналмиллалӣ аз ҷумла таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эрон аз 20 сентябр шудааст. Бо ин ҳол ин иқдом низ акнун бо дари баста дар Шурои амният ва мухолифати аксарияти қотеъи аъзои он мувоҷеҳ шуда ва ба ҳамин далел раисони давраии ин шуро низ ҳеҷ иқдоме дар ростои иҷрои муҷаддади ин таҳримҳо зидди Эрон сурат надодаанд. Зимн ин ки Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Миллал низ рузи чаҳоршанбе 16 сентябр дар бораи иддаои Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Миллали Эрон, гуфт: Мо дар бораи БАРҶОМ бар асоси назари Шурои амният амал мекунем.

Ин бадон маъно аст, ки пас аз 20 сентябр на Кумитаи таҳрим ва на панели коршиносии Созмони Миллал барои иҷрои муҷаддади таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи Эрон ташкил нахоҳад шуд ва бад-ин тартиб ҳеҷ созу кори иҷроӣ дар ин замина шакл нахоҳад гирифт. Бад-ин тартиб танҳо роҳкоре, ки барои Амрико боқӣ мемонад ин аст, ки ба таври якҷониба қатъномаҳои таҳримии Созмони Миллалро эҳёшуда эълом хоҳад кард ва ба тамоми имконоти иқтисодӣ ва дипломатики худ барои таҳмили онҳо бар ҷомеаи байналмиллал мутавассил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Саиди Маҳмудӣ- устоди ҳуқуқи байналмиллали Донишгоҳи Стокголм: Аз назари ҳуқуқӣ ин амалиёт ҳеҷ пояе надорад, ҳаминтавр, ки хеле аз амалиёти Амрико дар ду соли гузашта пояе надошта, хилофи ҳуқуқи байналмиллал буда ва аз сӯи ҳуқуқдонон ва бисёре аз кишварҳо маҳкум шудааст.

Аз ҳам акнун ин рӯйкарди Амрико падидор шуда ва таҳдиди ахири ширкатҳои таслиҳотӣ аз ҷониби Оливет Эйбромз- намояндаи вижаи Амрико дар умури Эронро метавон дар ин чорчуб яъне истифода аз таҳримҳои сонавия барои ба курсӣ нишондани иддаои ғайри қонунии Амрико таҳлил кард. Бо ин ҳол Вашингтон масъалаи муҳимеро надида гирифтааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳост, ки ба далели таҳримҳои густурда, таслиҳоти умдаеро, ки ба мӯҷиби қатъномаҳои Созмони Миллал, хариди онҳо тавассути Эрон мамнуъ бударо харидорӣ накарда ва дар иваз бо такия ба истеъдодҳо ва тавонмандиҳои дохилӣ гомҳои бисёр бузурге дар заминаи тарроҳӣ ва тавлид ва бакоргирии анвоъи таслиҳоти заминӣ, ҳавоӣ, дарёӣ, мушакҳо ва таҷҳизоти электронӣ ва ҳисгарҳо бардоштааст. Лизо бар хилофи тасаввури Вашингтон, Эрон асосан ниёзи чандоне ба харидҳои азими таслиҳотӣ бар хилофи муттаҳидони арабии Вашингтон дар минтақа надошта ва баръакс дорои тавонмандии қобили таваҷҷуҳе барои содироти таслиҳот аст.

Дар воқеъ Вашингтон нигарон он аст, ки бо лағви таҳрими таслиҳотии Эрон, Теҳрон битавонад дар бозороҳои таслиҳотӣ ҳузури муяссаре пайдо кунад. Асосан далели аслии талошҳои нокоми Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон, ин аст, ки Вашингтон аз тақвияти қудрати дифоъӣ ва иқтисодии Эрон бемнок аст ва ба ҳамин далел бар хилофи қатъномаи 2231-и Шурои амният хоҳони тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон аст. Бо ин ҳол ҳамонгуна, ки раванди авзоъ то кунун нишон дода ин талоши ғайри қонунии Амрико маҳкум ба шикаст аст.

Барчасп