Сентябр 19, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвозҳои муназзами Русия бо се кишвари ИДМ

Ҳукумати Русия эълом кард, ки аз рӯзи душанбе 21 сентябр парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо бо се кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро аз сар мегирад, ки номи Тоҷикистон дар ин феҳраст мушоҳида намешавад.

Ба гузориши сомонаи ТАСС, аз рӯзи душанбе 21 сентябр парвозҳо миёни Русия бо Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз сар гирифта мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз Русия дархост карда буд, ки барои аз саргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишвар иқдом кунад.

Ҳамчунин ба далели бекор шудани теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз барномарезӣ барои барқарории 71 парвози чартерӣ ба манзури интиқоли шаҳрвандони ин кишвар аз Русия то поёни моҳи сентябр хабар додааст.

Бо таваҷҷуҳ ба шуюи куруно ва маҳдудиятҳои сафар байни Душанбе ва Маскав, ин парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр дар ҳамоҳангӣ бо вазорати ҳамлу нақли Русия анҷом хоҳад дод.

Дар рӯзҳои 21 август то 13 сентябр низ ду ширкати Сомон эйр ва Тоҷик эйр бо анҷоми 36 парвози чартерӣ 5 ҳазору 62 нафар аз коргарони муҳоҷири бекоршуда ва аъзои хонаводаҳои ононро ба Тоҷикистон мунтақил карданд.

 

Барчасп