Тавлиди доруи ҷадиди куруно дар Австрия
Сентябр 19, 2020 13:55 Asia/Dushanbe
Як донишманди австриягӣ аз тавлиди муносибтарин дору барои дармони Ковид-19 хабар дод.
Ба гузориши Спутник, Йозеф Пеннингер, иммунолог ва генетики австриягӣ гуфт, ки вай дар ҳоли тавлиди мантиқитарин дору барои вируси куруност, ки натанҳо вирусро аз байн мебарад, балки хатари авоқиби тӯлонимуддатро низ коҳиш медиҳад.
Ин донишманд ёдовар шуд, ки вай 15 сол аст, ки бар асоси мутолиаи аввалин вируси куруно дар ҳоли тавлид дору аст.
Пеннингер дар мавриди мунҳасир ба фард будани ин дору таъкид кард: "доруи мо вирусро масдуд мекунад ва дорои фаъолияти онзимӣ аст, ки аз андомҳои бадан муҳофизат мекунад."