Октябр 10, 2016 14:02 Asia/Dushanbe

Маросими азодории ҳазрати Абоабдиллоҳи Ҳусайн алайҳиссалом дар Ню-Йорки Амрико баргузор шуд.

Ба гузориш радиои тоҷикӣ, маросими азодории ҳазрат Абоабдиллоҳи Ҳусайн алайҳиссалом дар Ню-Йорк имсол низ чун солҳои пеш бо ҳузури муштоқони сарвару солори шаҳидон бо шӯру шукӯҳи вижае баргузор шуд.

Мусалмонони Амрико дар айёми муҳаррам як рӯзро ба номи "Ҳусайн алайҳиссалом" номгузорӣ карда ва дар ин рӯз дар хиёбонҳо азодорӣ мекунанд.

Ҳамкорамон Наҷафзода аз Ню-Йорк гузориш медиҳад.