Сентябр 21, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Русия барои фурӯши силоҳ ба Эрон аз Амрико наметарсад

Вазорати хориҷаи Русия бо баёни ин ки Маскав тарсе аз таҳримҳои Амрико надорад, гуфт ҳамкории ин кишвар бо Эрон бар мабнои ниёзҳои дуҷонибаи тарафайн пеш меравад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , « Сергей Рябков » муовини вазири умури хориҷаи Русия  рӯзи душанбе дар вокуниш ба таҳдиди Амрико барои таҳрими кишварҳое, ки бо Эрон тиҷорат карда ва аз бозгашти таҳримҳои Созмони Милал  алайҳи Эрон табаият накунанд таъкид кард, ки Русия ба таҳрим одат дошта ва аз таҳримҳои Амрико дар пайи фурӯши таслеҳот ба Эрон  ҳеҷ ҳаросе надорад .
Вай афзуд : « ин масаъла ба ҳеҷ ваҷҳ бар сиёсати мо асар намегузорад . Ҳамкории мо бо Эрон чанд ваҷҳӣ аст ва ҳамкориҳои низомӣ низ вобаста ба ниёзҳо ва тамоюлоти ду тараф  пеш  хоҳад    рафт».
Бомдоди якшанбе « Майк Пампео » вазири хориҷаи Амрико бо судури баёнияе муддаӣ шуд тамоми таҳримҳои Созмони Милал бар Эрон, ки пештар лағв шуда буд дубора  иҷроӣ ва тамоми қатъномаҳои 1696 , 1737 , 1747 , 1803 , 1835у 1929 ки бар асоси қатъномаи 2231 Шӯрои Амният лағв шуда буд дубора фаъол шудааст .
 Амрико ҳамчунин таҳдид кард, ки агар аъзои  Созмони милал  илзомоти худ барои иҷроии ин таҳримҳоро иҷро накунанд , Иёлоти Муттаҳида омода аст аз ихтиёроти дохилӣ барои аъмоли таҳрим бар онҳо истифода кунад .
Бо ин ҳол  рӯзномаи « Ню-Йорк Таймз » дар ёддошти сардабирии имрӯзи худ навишт замоне Вашингтон дар канори кишварҳои Аврупоӣ ва ҳатто Русия ва Чин барои мунзавӣ кардани Эрон истода буд , аммо акнун Иёлоти Муттаҳида мунзавӣ шудааст .

Барчасп