Ҳамлаи лафзии шадиди Трамп ба Бойден ва хонаводаи Маккейн
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57755-Ҳамлаи_лафзии_шадиди_Трамп_ба_Бойден_ва_хонаводаи_Маккейн
Доналд Трамп дар вокуниш ба ҳимояти хонаводаи сенатори собиқи ҷумҳурихоҳ аз номзади демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико , Бойденро ҳадафи ҳамлаи лафзӣ қарор дод .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 24, 2020 12:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи лафзии шадиди Трамп ба Бойден ва хонаводаи Маккейн

Доналд Трамп дар вокуниш ба ҳимояти хонаводаи сенатори собиқи ҷумҳурихоҳ аз номзади демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико , Бойденро ҳадафи ҳамлаи лафзӣ қарор дод .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико дар паёми тветтерӣ зимни интиқод аз Синди Маккейн-ҳамсари Ҷон Маккейн-сенатори собиқи тундрави ҷумҳӯрихоҳ , ба Ҷу Бойден-номзади ҳизби номзади Ҳизби демократи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии соли 2020 тавҳин кард.  

Трамп , Ҷу Бойденро « саги дастомӯзи Маккейн » номид.

Ҷон Маккейн-сенатори ҷумҳӯрихоҳ, ки соли 2018 фавт кард, аз мунтақидони сиёсатҳои Трамп буд .

 Синди Маккейн бо интишори баёнияе зимни интиқод аз давлати Трамп эълом кард, ки хонаводаи Маккейн аз Бойден ҳимоят ме‌кунад .

 Натиҷаҳои назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки Ҷу Бойден ҳамакнун бархилофи Трамп аз ҳимояти раъйдиҳандагони сиёҳпӯст ва ҷавонону занон бархурдор аст.