Октябр 10, 2016 16:00 Asia/Dushanbe

Дӯстдорони аҳли байт (а) ва азодорони имом Ҳусайн (а) дар шаҳри Вена ҳамзамон бо айёми шаҳодати ҳазрати Саидалшуҳадо (а) роҳпаймоии бошукӯҳе дар ин шаҳр баргузор карданд.

Хиёбонҳои пойтахти Австрия дар қалби Аврупо ҳамзамон бо айёми Муҳаррам саҳнаи ишқу дилдодагӣ ба паёми волои Ошурои Ҳусайнӣ шуд ва ҳазорон мусалмони азодор аз миллиятҳои мухталиф бо сар додани шиор "Лаббайк ё Ҳусайн" дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия роҳпаймоӣ карданд .

Хабарнигори хабаргузории Садо ва Симо аз ин маросим гузориши тасвирӣ ирсол кардааст, ки мебинед .