Сентябр 27, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Шумори куруноиҳои ҷаҳон аз 33 миллион нафар гузашт

Оморҳои марокизи расмӣ аз теъдоди мубталоён ба Ковид-19 нишон медиҳад, ки шумори мубталоён дар рӯзи якшанбе ба 33 миллиону 35 ҳазор нафар расидааст.

Ба гузориши вебсайти омории “Worldometers”, ки охирин омори мубталоён ба куруноро ба сӯрати лаҳзаӣ гузориш медиҳад, шумори маргу мири ҷаҳонӣ бар асари ин беморӣ ба 988 ҳазору 88 нафар расидааст.

Бештарин  омори маргу мир низ дар 24 соати гузашта мутааллиқ ба Ҳинд, Амрико ва Бразилия будааст.

Дар Ҳинд ҳазору 123 нафар, дар Амрико 717 ва дар Бразилия 697 нафар ҷони худро ба далели бемории Ковид-19 аз даст доданд.

Русия ва Колумбия низ ба тартиб дар рутбаи чаҳорум ва панҷуми бештарин мавориди ибтило ба куруно дар ҷаҳон ҳастанд.

 

 

Барчасп