Сентябр 27, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Дархости Русия барои қатъи муноқишаи байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазорати умури хориҷаи Русия хостори таваққуфи муноқишаҳои ҷадид байни ҷумҳуриҳои Арманистон ва Озарбойҷон шуд ва ҷонибҳоро ба музокира фарохонд.

Ба гузориши ИРНА , Вазорати  умури хориҷаи Русия  рӯзи якшанбе бо судури баёнияе расмӣ, авзоъ дар минтақаи Қорабоғро ба шиддат  вахим эълом кард ва аз тарафайн  хост барои эҷоди субот дар вазъият, билофосила  табодули оташро мутаваққиф карда ва музокиротро оғоз  кунанд.
Даргирӣ миёни низомиёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар марзҳои муштарак аз сар гирифта шуд.
Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле бо судури баёнияе нерӯҳои Арманистонро ба оғози амалиёт муттаҳам кард, ки нахуствазири Арманистон  ҳам эълом кард, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон  оғозкунандаи ҳамла будааст.
Артиши Арманистони 12 июл низ мавозеи Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар минтақаи марзии " Туз " гулӯлаборон кард, ки бо посухи мутақобили артиши ин кишвар, ки талафоте низ дар пай дошт , рӯ ба рӯ  шуд.
 Муноқиша миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қорабоғи кӯҳистонӣ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1992 ба даргирии низомӣ кашид, дар натиҷаи ин муноқиша  минтақаи Қорабоғи кӯҳистонии Ҷумҳӯурии Озарбойҷон ва ҳафт  шаҳристони ҳамҷавори он таҳти ишғоли нерӯҳои Арманистон даромад .

Барчасп