Сентябр 29, 2020 10:24 Asia/Dushanbe
  • Талафоти ҷаҳонии корона аз як миллион нафар гузашт

Натиҷагириҳои оморӣ аз саросари ҷаҳон нишон медиҳад, ки шумори кулли ҷонбохтагон бар асари вируси корона аз як миллион нафар бештар шуда аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , оморҳои донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз нишон медиҳад теъдоди касоне, ки дар кишварҳои мухталиф ҷони худро бар асари ибтило ба вируси КОВИД 19  аз даст додаанд , бомдоди сешанбе аз як миллион нафар фаротар рафта аст.

 Бар ин асос то лаҳзаи нигориши ин хабар 33 миллиону 273 ҳазору 720 нафар дар саросари ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд ва  1 миллиону  555 нафар низ бар асари он ҷони худро аз даст додаанд .

Дар муқобил аммо беш аз 23 миллион нафар аз банди ин беморӣ раҳоӣ пайдо кардаву саломати худро ба даст овардаанд .

 Дар миёни кишварҳои олуда ба ин вирус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо наздик ба ҳафт миллиону саду чиҳилу ҳашт ҳазор нафар бештарин шумори гирифторон дар ҷаҳонро дорад .