Октябр 01, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Пекин : Иттиҳоми дахолат дар интихоботи Амрикоро рад кард

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин иттиҳоми матраҳшуда аз сӯи мақомоти Амрико дар бораи талош барои дахолат дар интихоботи ин кишварро рад кард .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ван Вэнбин-сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбеи худ дар посух ба саволе дар бораи нахустин мунозираи интихоботии Амрико ва иттиҳомоти воридшуда алайҳи ин кишвар аз сӯи номзадҳои интихоботи Амрико гуфт, ки Чин қотеона ин иттиҳомотро рад мекунад ва ин иттиҳомот беасосу нодуруст ҳастанд.

Ван Вэнбин бо баёни инки нисбат додани кӯтоҳиҳо ба Чин мушкилоти дохилии Амрикоро ҳал нахоҳад кард , афзуд : Пекин ба шиддат мухолифи иттиҳомоте аст, ки аз сӯи сиёсатмадорони амрикоӣ дар нахустин мунозираи интихоботӣ матраҳ шуд .

 Амрико борҳо дигар кишварҳоро ба поймолсозии қонунҳо ва талош барои иқдомоти вайронгар дар ҳавзаи кибернитекӣ муттаҳам карда аст.

Ахиран таниш байни Пекин ва Вашингтон бар сари сафари вазири тандрустии Амрико ба ҷазираи Тайван , иддаои Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии Амрико дар хусӯси дахолати Чин дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико , минтақаи Гонгконг ва вируси корона афзоиш ёфта аст.

 

Барчасп