Октябр 01, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Руссия дар бораи эъзоми муздурони хориҷӣ ба минтақаи Қорабоғ ҳушдор дод

Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи интиқоли муздурони хориҷӣ ба минтақаи мавриди муноқишаи Қорабоғ барои ширкат дар даргириҳо ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе зимни ҳушдор дар бораи интиқоли муздурони хориҷӣ ба минтақаи Қорабоғи Кӯҳистонӣ барои ширкат дар даргириҳо эълом кард ин масаъла  қатъан на танҳо таниши кунуниро шиддат мебахшад, балки таҳдидҳои тӯлонимуддат барои амнияти ҳамаи кишварҳои минтақаи Қафқоз ба вуҷуд хоҳад овард .
 Русия аз сарони Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон хостааст нагузоранд террористҳои хориҷӣ вориди минтақаи мавриди муноқишаи Қорабоғ шаванд .

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков низ гуфт, ки мақомоти низомии Русия вазъро дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ бодиққат назорат мекунанд ва ҳама маълумоти бадастомада ва изҳороти сарони давлатҳо дар бораи низоъ бодиққат таҳлил карда мешаванд.
Даргириҳо  байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, дар минтақаи Қорабоғ аз рӯзи якшанбе аз сар гирифта шуда ва то кунун боиси кушта шудани даҳҳо нафар аз ду тараф шудааст .
Бисёре кишварҳо, аз ҷумла  Ҷумҳурии исломии Эро , Русия ва Тоҷикистон  хостори таваққуфи фаврии даргириҳо ва оғози гуфтугӯ миёни Бокӯ ва Ереван шуда ва дар муқобил, бархе кишварҳо ҳамчун Туркия аз яке аз тарафайни даргирӣ ҳимоят кардаанд .

Барчасп