Арманистон сафири худ дар режими саҳюнистиро фаро хонд
Арманистон дар эътироз ба ончӣ « интиқоли силоҳҳои исроилӣ ба ҷумҳӯрии Озарбойҷон » хонда шуда аст , сафири худ дар режими саҳюнистиро фаро хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, вазорати хориҷаи Арманистон бо судури баёнияе содироти силоҳ аз Исроил ба ҷумҳӯрии Озарбойҷонро иқдомии ғайри қобили қабул арзёбӣ ва эълом кард :Ереван борҳо аз тариқи масирҳои дипломатӣ , эътирози худро дар хусуси нақши Тел-Авив дар ирсоли силоҳ ба ҷумҳӯрии Озарбойҷон матраҳ карда аст.
Давлати Арманистон дар ҳоле сафири худ дар сарзаминҳои ишғолиро фаро хонда аст, ки камтар аз ду ҳафта аз ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Тел-Авив мегузарад .
даври ҷадиди даргирӣҳои Низомии миёни Арманистону ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз рӯзи якшанбеи 27 сентябр оғоз шуда аст .