Ирсоли аввалин маҳмeлаи ваксинаи куруно аз Русия ба Венесуэла
Раисиҷумҳури Венесуэла аз вуруди аввалин маҳмулаи ваксинаи куруно ба ин кишвар аз Русия хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ навишт: “Аввалин кишвар дар нимкураи ғарбӣ ҳастем, ки ваксина алайҳи вируси куруноро оғоз муканем.
Раисҷумҳури Венесуэла, ҳамчунин аз Владимир Путин ҳамтои руси худ тақдир кард.
Аввалин маҳмула аз ваксинаи русии зиддикуруно, мавсум ба “Спутник-В” рӯзи ҷумъа ба Венесуэла расид.
Ҳудуди 2000 шаҳрванди Венесуэла барои озмоиши ин ваксина мушорикат мекунанд.
Делси Родригес, муовини раисҷумҳури Венесуэла ҳамчунин гуфта аст, ки Венесуэла қасд дорад ин ваксинаро дар дохил низ тавлид кунад.
Русия аввалин кишваре буд, ки ваксинаи куруноро муаррифӣ ва сабт кард ва акнун дар ҳоли ирсоли он ба бархе кишварҳои дигар аст.