Октябр 04, 2020 13:11 Asia/Dushanbe
  • Тақвими ҷанги Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар рӯзи ҳаштум

Даргирии низомӣ миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи мавриди муноқишаи  Қара‌боғ, вориди ҳаштумин рӯз шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар тозатарин иддаоҳо тарафайн дармавриди касби пирузиҳо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон аз кантроли артиши ин кишвар бар ҳафт русто дар наздикии минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ ва эҳтизози парчами Озарбойҷон дар ин манотиқ хабар додааст.

Яке аз муҳимтарин манотиқи тасарруфшудаи рустои Модогиз аст, ки минтақаи маскунии дороии иртифооти роҳбурдӣ дар шимоли  Қарабоғ маҳсуб мешавад ва кантроли ин минтақа имкони назорат бар масири бархе шаҳристонҳои ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки феълан таҳти кантроли неруҳои арманӣ аст, фароҳам мекунад.

Илҳом Алиев бо судури дастуре номи Модогизро ба номи таърихии рустои Сӯқувашон баргардонда аст.

Дар ҳамин робита пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз бо истинод ба як видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш дод, ки бархе аз шаҳрвандони арманӣ дар Хонкандӣ аз тарси ҳуҷуми нерӯҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон маҳали сукунати худро тарк  карда дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Ереван, пойтахти Арманистон ҳастанд. Бомдоди якшанбе (27сентябр) даргирӣ миёни низомиёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар марзҳои муштараки ду кишвар аз сар гирифта шуд ва ҳар як аз тарафайни дигареро ба оғози ҷанг муттаҳам карданд.

Дар соли 1994 ба дунболи даргириҳои чаҳорсолаи низомии ду кишвар, бархе давлатҳои аврупоӣ ва минтақа барои поён додан ба мунозиоти арзӣ миёни Боку ва Ереван вориди амал шуданд ва саранҷом бо миёнҷигарии гуруҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, оташбас миёни тарафайн барқарор шуд, аммо талошҳои байналмилалӣ барои ҳали мусолиматомези ин муноқиша то ба имрӯз натиҷае надоштааст.

 

Барчасп