Октябр 05, 2020 20:57 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Илҳом Алиев бо оташбас бо Арманистон

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мегӯяд, дар ҳоле, ки Арманистон ҳамалоти ҷадиде алайҳи мо анҷом медиҳад сӯҳбат аз оташбас ва музокира наметавонад мавзӯият дошта бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Илҳом Алиев имрӯз дар мусоҳиба бо канали телевизиюнии  "ТРТ" -и   Туркия дар хусуси даъвати кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои барқарории муҷаддади оташбас ва оғои музокирот гуфт : оташбас бояд дар шароити мушаххасе барқарор шавад . То кунун бисёре аз кишварҳо моро ба оташбас ва идомаи музокирот  фаро хондаанд, аммо мушаххас нест кадом музокиротро бояд идома диҳем ва ин музокирот бар асоси чӣ чизе идома хоҳад ёфт .
Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ишора ба тадовуми 30 солаи музокирот бо Арманистон гуф : мо ба ҳалли мавзӯ аз тариқи музокирот  умед  доштем ва бо ҳамин умед дар ин музокирот ширкат мекардем . Ин музокироти тӯлонӣ бар пояи усулӣ монанди барқарории муҷаддади тамомияти арзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва тахлияи манотиқи ишғолшуда бар асоси ҷадвали замонӣ мушаххас пеш мерафт, аммо имрӯз Арманистон бар хилофи тамомии усули  музокира, ҳамалоти ҷадидеро алайҳи мо сурат медиҳад ва ба таври табиӣ мо ҳам бо зидди ҳамалот, арозии худро аз ишғол озод мекунем .
Алиев дар идома бо таъкид бар ин ки ин муноқиша бояд аз тариқи сулҳ ҳал шавад гуфт: бояд ба мо тазмини ҷиддӣ дода шавад ва миёнҷигарони байналмилалӣ ин замонатро таъид кунанд ва ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳои Арманистон аз арозии Ҷумҳурии Озарбойҷони танзим ва мушаххас шавад, ки кадом  рӯз  кадоми шаҳри тахлия хоҳад шуд .

Барчасп