Октябр 05, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ривоятҳои мутаноқиз дар бораи вазъи ҷисмонии Трамп

Пойгоҳи хабарии "Исроил Хьюм" дар Твиттер хабари интиқоли Трамп ба ICU-ро рад карда, изҳор дошт, ки ҳисоби Твиттераш ҳакерӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; пеш аз ин саҳифаи Твиттерии мунтасиб ба расонаи исроилӣ ба нақл аз мақомоти сафорати режими Исроил дар Вашингтон гузориш дода буд, ки Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп қабл аз интиқол ба « бахши муроқибатҳои вижа»-и бемористони низомии Волтрид, қудратро ба сурати мактуб ба Майк  Пенс муовини худ вогузор кардааст .
Интишор ва радди ин хабар дар ҳоле сурат мегирад, ки аз замони ибтилои Трамп ба корона  ахбору гузоришҳои зидду нақиз  дар бораи вазъияти саломатии вай мунташир шудааст .
Ин мавзӯи интиқодҳоро дар дохили Амрико низ барангехтааст .
Раиси Ҷумҳурии Амрико  рӯзи якшанбе дар паёми  видеоӣ аз бемористони маҳалли бистарии худ гуфт: корона  як мавзӯи ҳаяҷонангез асту мо хостем, ки шумо аз ин матлаб огоҳ шавед .
Раиси Ҷумҳурии Амрико ба дунболи ибтило ба Ковид -19 ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ ба як бемористони низомӣ мунтақил шуд .
Масъули тими пизишкии Трамп «Шон Конлӣ » шанбе дар конфаронсӣ хабарӣ гуфт, ки вай рӯ ба беҳбӯдӣ аст, аммо як манбаи огоҳ ба расонаҳо гуфт, ки алоими ҳаётии Трамп пас аз ибтило ба корона, дар 24 соати гузашта «бисёр нигаронкунанда » буда ва ӯ ҳанӯз дар масири равшанӣ барои беҳбӯдӣ қарор надорад .

Барчасп