Боку: аз минтақае, ки озод кардем ақиб наменишинем
Ҷумҳурии Озарбойҷон аз минтақаи таҳти контроли Арманистон, ақибнишинӣ намекунад.
Ба гузориши Aran News, сухангӯи вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон Анор Айвазов рӯзи шанбе дар конференсияи хабарӣ дар Боку таъкид кард, ки артиши ин кишвар қаламравҳои аз Арманистон ишғолкардаашро пас нахоҳад дод.
Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ахиран гуфта буд, ки артиши ин кишвар рустоҳои "Шайх Алӣ Анал", "Сариҷалӣ", "Мазра" ва баъзе баландиҳои шаҳри Ҷабраил дар наздикии Қарабоғи Кӯҳиро озод кардааст.
Даргириҳои муҷаддади байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз 27 сентябр оғоз шудааст, ки ба кушта шудани як нафар ва маҷрӯҳ шудани 60 нафари дигар аз тарафайн мунҷар шудааст.
Дар ҳоли ҳозир вузарои умури хориҷаи Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шаби гузашта дар нишасти сеҷониба бо Русия дар Маскав дар хусуси тавофуқи оташбас бар сари минтақаи Қарабоғ ба тавофуқ расиданд.