Октябр 10, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Ҷумбиши ғайримутааҳидҳо: Исроил аз Ҷавлони ишғолӣ хориҷ шуд

Кишварҳои узви ҷумбиши ғайримутааҳидҳо, хориҷ шудани режими саҳюнистиро аз заминҳои ишғолшудаи Сурия дар минтақаи Ҷавлон хостор шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, кишварҳои узви ҷумбиши ғайримутааҳидҳо ( NAM ) дар баёнияе бар зарурати хуруҷи режими саҳюнистӣ аз Ҷавлони Сурия таъкид карданд .
Дар бахше аз ин баёния, ки баъд аз нишасти маҷозии рӯзи ҷумъаи ҷумбиши ғайримутааҳидҳо мунташир шуд омадааст, ки аъзои  ин ҷумбиш  ҳамаи иқдомоти нерӯҳои ишғолгари Исроилро барои тағйири вазъияти қонунӣ, физикӣ ва ҷамъиятии Ҷавлони ишғолшуда маҳкум мекунанд .
Тибқи ин баёния, Исроил бояд аз қатъномаҳои Шӯрои  Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пайравӣ кунад ва аз Ҷавлони ишғолӣ хориҷ шавад.   
Режими саҳюнистӣ соли 1967 ҳудуди ҳазору 200 километри мураббаъ аз хоки Сурияро дар баландиҳои Ҷавлон  ишғол ва пас аз муддате ин минтақаро ба сарзаминҳои ишғолӣ замима кард .
Ҷомеаи байналмилалӣ ҳаргиз ин иқдомро ба  расмият  нашинохта ва Шӯрои  Амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ ин бахш аз Ҷавлонро ишғолшуда хондааст .