Санади ҳузури террористҳои сурӣ дар ҷанги Қарабоғ + филм
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58241-Санади_ҳузури_террористҳои_сурӣ_дар_ҷанги_Қарабоғ_филм
Филмҳои зиёде дар фазои маҷозӣ дар ҳоли даст ба даст шудан аст, ки нишон медиҳад террористҳо вориди даргириҳои Қарабоғ шудаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 11, 2020 16:45 Asia/Dushanbe

Филмҳои зиёде дар фазои маҷозӣ дар ҳоли даст ба даст шудан аст, ки нишон медиҳад террористҳо вориди даргириҳои Қарабоғ шудаанд.

Дар ин филм саҳнаҳое аз набарди Қарабоғ нишон дода мешавад, ки ҷангҷӯён дар он ба забони арабӣ суҳбат мекунанд.

Муздурони сурии салафӣ бо вуҷуди эъломи оташбас аз тарафи ду ҷиноҳ, имрӯз бори дигар ба мавозеи артиши Арманистон ҳамла карданд.

Бархе кишварҳо муддаӣ шудаанд, террористҳои Сурия, Либия ва бархе аз кишварҳои африқоӣ дар ҷанги Қарабоғ алайҳи кишвари Арманистон меҷанганд.