Интиқоди Путин аз рӯйкарди Амрико дар заминаи амнияти сойберӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58261-Интиқоди_Путин_аз_рӯйкарди_Амрико_дар_заминаи_амнияти_сойберӣ
Масъалаи амнияти сойберӣ дар арсаи ҷаҳонӣ аз аҳамияти рӯзафзуне бархӯрдор шудааст. Ҳамин амр, мавзӯи ҳамкории байни кишварҳо ба манзури коҳиши таҳдидоти сойбериро аз аҳамияти зиёде бархӯрдор кардааст, бо ин ҳол Амрико дар ин замина низ коршиканӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Владимир Путин аз Амрико
    Интиқоди Владимир Путин аз Амрико

Масъалаи амнияти сойберӣ дар арсаи ҷаҳонӣ аз аҳамияти рӯзафзуне бархӯрдор шудааст. Ҳамин амр, мавзӯи ҳамкории байни кишварҳо ба манзури коҳиши таҳдидоти сойбериро аз аҳамияти зиёде бархӯрдор кардааст, бо ин ҳол Амрико дар ин замина низ коршиканӣ мекунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи якшанбеи 11 октябр бо эъломи ин ки Амрико ҳамчунон ба дархости вай барои ҳамкории ду кишвар дар заминаи амнияти сойберӣ посух надода, иброз умедворӣ кард, ду тараф битавонанд дар ин замина бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Путин дар 25 сентябри 2020 чандин пешниҳод барои ҳамкорӣ дар заминаи амнияти сойберӣ байни Русия ва Амрико ва ҳамчунин дар саросари ҷаҳон матраҳ кард. Вай таъкид кард, ки моил аст бори дигар Иёлоти Муттаҳидаро бо пешниҳоди тасвиби як барномаи ҷомеъ барои иқдомоти амалӣ ба манзури таҷдиди равобит бо Русия дар истифода аз фанноварии иттилоот мавриди хитоб қарор диҳад.

Бештар бихонед:

Рӯҳонӣ: Адреси тамоми ҷиноёт алайҳи мардуми Эрон, Кохи Сафед аст

Сафари Руҳонӣ

Худдории Амрико аз ҳамкорӣ бо дигар қудратҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Русия дар заминаи амнияти сойберӣ нишонгари рӯйкарди воқеии Вашингтон дар истифода аз қудрати сойберӣ дар ростои аҳдофи таҳоҷумӣ ва хасмонаи он дар қиболи дигар кишварҳост. Бар хилофи иддаои мақомоти Вашингтон, ки ҳамвора дигар кишварҳоро муттаҳам ба ҳамалоти сойберӣ алайҳи Амрико мекунанд, Амрико ҳамвора аз аввалину бузургтарин кишварҳое маҳсуб мешавад, ки аз фазои сойберӣ барои эъмоли фишор ва дар воқеъ таҳоҷум алайҳи сойири миллатҳо истифода намудааст. Амрикоиҳо масъули бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҳамалоти сойберӣ дар сатҳи ҷаҳон ҳастанд. Дар айни ҳол Вашингтон ба дунболи тадвину иҷрои роҳбурдҳои ҷадидтар дар ин арса аст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар 20 сентябри 2018 аввалин стратегияи миллии сойберии Амрико тайи 15 соли ахирро имзо кард. Ба гуфтаи Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии собиқи Кохи Сафед, стратегияи амнияти сойберии ҷадиди Амрико хостори посухи таҳоҷумӣ ба ҳар кишваре аст, ки Амрикоро ҳадаф қарор медиҳад. Ҳар кишваре ки алайҳи Амрико фаъолияти сойберӣ анҷом медиҳад, бояд мунтазири посухи таҳоҷумӣ ва дифоии мо бошад.

Бештар бихонед:

Путин : Русия хостори ҳаллу фасли сиёсии буҳронҳои ҷаҳон аст

 

Ҷанбаи муҳиму мутамойизи стратегияи сойбирии ҷадиди Амрико таъкид бар амалиёти сойберии таҳоҷумӣ аст. Ҳарчанд давлати Абама маҳдудиятҳое бар наҳваи анҷоми ҳамалоти сойберӣ эъмол карда буд, аммо давлати Трамп бахши зиёде аз ин маҳдудиятҳоро дар роҳбурди сойберии худ бардоштааст. Трамп дастур дода, ки рӯйкарди амниятии фазои маҷозии Амрико тағйир кунад ва дастуруламалҳои ҷадиде ба ожонсҳои федерал барои наҳваи муҳофизат аз худ ва иттилооти маҳрамона дар баробари хатароти хориҷӣ ироа шавад. Ин дар ҳоле аст, ки пештар Трамп фармони иҷроии таҳримӣ алайҳи ширкатҳо ё афроди хориҷии мазнун ба дахолат дар интихоботи ин кишварро имзо карда буд. Ин таҳримҳо метавонанд алайҳи афрод ё ширкатҳое ҷорӣ шаванд, ки ба далели ҳамалоти сойберӣ ё иқдомоти дигар ба дахолат дар интихоботи Амрико муттаҳам мешаванд. Ин амр дар соли 2020 бо тавваҷуҳ ба ҳушдорҳои мукаррари мақомоти аршади амрикоӣ ба дигар кишварҳо дар заминаи мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ташдид шудааст.

Дар айни ҳол эъломи чтратегияи таҳоҷумии сойберии Амрико дар соли 2018 дар воқеъ ба манзалаи эҷоди шолудае назарӣ барои иқдомоти сойберии Амрико дар сатҳи ҷаҳон, аз ҷумла ҳамалоти сойберӣ буд. Амрикоиҳо ҳар гоҳ худ иқдом ба ҳамлаи сойберӣ алайҳи душман кунанд, ки намунаи боризи он ҳамлаи сойберӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон бо бадафзори «Стокс Нет» буд, онро муваҷҷаҳу қонунӣ қаламдод мекунанд, дар ҳоле ки иқдоми мушобеҳ аз сӯи дигар кишварҳои рақиб ё хасмро барнаметобанд. Аммо ҳамалоти сойберӣ ба масобеҳи теғе дулаба маҳсуб мешавад, ки тавассути душманони Амрико низ метавонад ба наҳви муассире алайҳи он мавриди истифода қарор гирад.

Бештар бихонед:

Қадрдонии Путин аз донишҷӯи мададкори тоҷик

Футболбози тоҷик

 

Интиқоли ҷасади донишҷӯи тоҷик аз ҷумҳурии Бошқиристони Русия ба Тоҷикистон