Идомаи ҷанг миёни Боку ва Ереван бар сари Қарабоғ
-
Ҷанг миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон идома дорад
Ҷанг миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон барои дуввумин рӯз пас аз барқарории оташбас миёни ду тараф идома ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Вазорати дифои Ҷумҳурии Арманистон муддаӣ шуд : нерӯҳои озарӣ субҳи рӯзи душанбе бо ҳамалоти тӯпхонае дар бахшҳои шимолӣ, шимоли шарқӣ , ҷанубӣ ва ба хусуси қисмати марказии минтақаи Қарабоғ мавозиъи нерӯҳои арманиро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд.
Бинобар эъломи Вазорати дифои Арманистон, нерӯҳои ин кишвар бо дафъи ин ҳамалот, заработи сангиниеро ба нерӯҳои озарӣ ворид карданд .
Арманистон муддаӣ аст, ки аз замони оғози даври ҷадиди танишҳо аз 27 сентябр то кунун 514 мошини зираии Ҷумҳурии Озарбойҷонро мунҳадим кардааст .
Аз тарафи дигар, Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон, нерӯҳои арманиро ба ҳамалоти хумпорае ба шаҳри « Оғдом » дар минтақаи Қорабоғ муттаҳам кард .
Даргириҳои ҷадид, ки байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуда буд пас аз 14 рӯз бо нишасти вузарои хориҷаи ду кишвар ва Русия дар Маскав ба тавофуқ бар сари оташбас мунҷар шуд .
Қарор буд ин оташбас аз соати 12 зуҳри рӯзи шанбе барқарор шавад, аммо даргириҳо дар ин минтақа ҳамчунон идома дорад ва ду кишвари якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд .