Шуюъи бесобиқаи вируси корона дар Русия
-
Ибтило ба корона дар Русия авҷ гирифтааст
Шуюъи бемории корона дар Русия ба авҷи худ дар 9 моҳи ахир расидааст ва мақомҳои русӣ ба фикри вазъи тадобири бештар барои пешгирӣ аз шуюъи ин вируси ҳамагир ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии хуросон ба нақл аз ИРНА , охирин омори мунташир шуда дар мавриди шуюъи корона дар Русия ҳокӣ аз афзоиши шадиди шумори мубталоён ва афроди олуда ба ин вирус ва афзоиши қобили тавваҷӯҳи маргу мир бар асари бемории корона ба вижа дар Маскав пойтахти Русия аст .
Дар шабонарӯзи гузашта беш аз 13 ҳазор нафар дар ин кишвар ба бемории корона мубтало шуда ё озмоиши коронаии онҳо мусбат ташхис дода шудааст.
Бар асоси баёнияи ситоди мубориза бо вируси корона дар Русия, шумори афроди мубтало ба ин беморӣ дар Русия дар маҷмӯ ба як миллиону 299 ҳазор нафар расидааст .
Ҳамчунин то кунун 22 ҳазору 597 ҳазор нафар дар Русия бар асари бемории корона ҷон бохтаанд .
Афзоиши шадиди омори беморони коронаӣ дар Русия, мақомҳои русро ба фикри тадобири пешгиронаи ҷадид барои маҳори ин беморӣ ва коҳиши шумори беморон андохтааст .
Ба дастури шаҳрдории Маскав, ҳамаи афроди болои 65 сол бояд дар хона кор кунанду ҳузури онон ва афроди дорои бемориҳои музмин дар маҳалли кор манъ шудааст .
Ба донишомӯзони мадориси Маскав низ ду ҳафта таътилӣ дода шуда ва карти метроии ройгони донишомӯзон ҳам дар ин муддат аз кор андохта шуда бошад.