Октябр 13, 2020 09:58 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳазорон комюн силоҳ ва таҷҳизотро вориди Сурия кардааст
    Амрико ҳазорон комюн силоҳ ва таҷҳизотро вориди Сурия кардааст

Манобеи хабарӣ рӯзи душанбе аз иқдоми артиши террористии Амрико дар эҳдоси як пойгоҳи низомии ҷадид дар манотиқи таҳти ишғоли ин кишвар дар Сурия хабар дод.

Хабаргузории Спутник эълом кард, артиши Амрико дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Ал-Бағуз дар ҷанубу шарқи Дайр-аз-Зор дар шарқи Сурия як пойгоҳи нави низомӣ месозад.
Бар асоси эъломи Спутников гомҳои нахусти сохт ин пойгоҳи ғайриқонунӣ дар хоки Сурия бо омодасозии як бонди фуруд барои болгардҳо оғоз шуда то аз ин роҳи таҷҳизоти лаҷистикӣ вориди маҳал шаванд .
Дар ҳамин ҳол манобеи маҳаллӣ эълом карданд, артиши амрикоӣ рӯзи душанбе  шумор аз шибҳи низомиёни курд мавсум ба нерӯҳои демократии Сурияи " Қасд " , ки мавриди ҳимоят Вашингтон ҳастандро дар чанд нуқта дар атрофи пойгоҳи ёдшуда мустақар кардааст .
 Амрико  тайи чанд моҳи ахир ҳазорон комюни ҳомили силоҳу таҷҳизоти низомӣ ва лаҷистикиро аз тариқи гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ вориди хоки Сурия кардааст то ҳузури ғайриқонунии худро дар ин кишвар ҷиҳати сирқати нафту дигари сарватҳои табиии Сурия тақвият кунад .
 Амрико ва муттаҳидонаш дар ҳоли ҳозир ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ба сурати ғайриқонӯнӣ ( бидуни иҷозаи давлати Сурия ) дар Сурияи ҳузури низомӣ доранд .
Ҳузури ғайриқонунии Амрико ва муттаҳидонаш дар Сурия ба баҳонаи мубориза бо тероризм дар ҳоле аст, ки " Доналд Трамп " Раиси  Ҷумҳурии Амрико дар оғози раёсати ҷумҳуриаш изъон кард ин кишвар  омили аслии эҷоди гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла  ДИИШ дар Сурия будааст .
Бар асоси гузоришҳои расмии Амрико токунун миллиардҳо доллар  силоҳу таҷҳизот  дар ихтиёри террористҳои мустақар дар Сурия ва Ироқ қарор додааст .
Мақомоти Сурияи борҳо таъкид кардаанд иқдомоти Амрико ва муттаҳидонаш дар Сурия ба манзалаи « ишғол » аст .
Бӯҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидоншон барои тағйири муъодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд .