Октябр 14, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Таниш байни Пекин ва Вашингтон бар сари дахолати Амрико дар Тайван ва бемории корона шиддат гирифтааст
    Таниш байни Пекин ва Вашингтон бар сари дахолати Амрико дар Тайван ва бемории корона шиддат гирифтааст

Раиси Ҷумҳурии Чин рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба иқдоми Кохи Сафед барои фурӯши таслеҳот ба Тайван ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш дастур дод то ҳамаи тавони фикрӣ ва бадании худро барои ширкат дар як ҷанги эҳтимолӣ ба кор гиранд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Си Ҷинпин имрӯз  ҳангоми дидор бо туфангдорони дарёии Артиши Халқии Озодии Чин дар вилояти ҷанубии Гуандун ба сарбозон муроҷиат карда, онҳоро даъват кард, ки ба принсипҳои низомӣ ва ростқавлӣ дар иҷрои вазифаҳояшон барои ин набарди эҳтимоӣ комилан садоқатманд бошанд.  
Си Ҷинпин аз нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш  хост барои ҷанг омода бошанду тамоми энержӣ ва фикри худро бар омодагии размӣ мутамаркиз кунанд .
Танишҳо байни Пекин ва Вашингтон бар сари дахолати Амрико дар умури Тайван ва низ ҳамагирии ҷаҳонии бемории корона ташдид шудааст .

 

Шикояти Чин аз Амрико ба Созмонҳои байналмилалӣ

Ҳушдори Чин дар бораи ҳадаф гирифтани паҳподҳо ва ҷангандаҳои Амрико