Тадовуми пештозии Ҷо Бойден дар назарсанҷиҳои интихоботӣ
Натоиҷи назарсанҷиҳо дар Амрико нишон медиҳад, номзади ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба пештозии худ муқобили раиси ҷумҳурии кунунии ин кишвар идома медиҳад.
Ба гузориши ИРНА, натоиҷи тозатарин назарсанҷиҳо дар Амрико нишон медиҳад, ки амалкарди бад дар нахустин мунозираи интихоботии Амрико ва беэътимодии раъйдиҳандагон, " Доналд Трамп ", Раиси Ҷумҳурии Амрикоро аз " Ҷо Бойден " рақиби демократаш ақабтар андохтааст .
Назарсанҷии ҷадиди донишгоҳи Куиннипиак, нишон медиҳад, ки Бойден бо ихтилофи 7 дарсад дар иёлоти Ҷорҷия аз Трамп ҷилу аст .
Ин назарсанҷӣ нишон дод 51 дарсади раъйдиҳандагон аз Бойден 44 дарсад аз Трамп ҳимоят мекунанд ва 4 дарсад ҳанӯз тасмими худро нагирифтаанд .
Назарсанҷии Донишгоҳи Атлантики Флорида, низ нишон медиҳад Бойден бо ихтилофи 10 дарсадӣ аз Трамп дар ин иёлот ҷулутар аст .
Трамп бо ради натоиҷи назарсанҷиҳо онҳоро сохтагӣ арзёбӣ кардааст .
Трамп ва Бойден дар аввалин мунозира иттиҳомоти мухталиферо алайҳи якдигар дар мавриди фасоди молӣ, ва нотавонӣ матраҳ карданд .
Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико, 3 ноябр баргузор мешавад .
Натоиҷи аксари назарсанҷиҳо дар моҳҳои ахир дар Амрико, аз пештозии " Ҷо Бойден" нисбат ба Трамп ҳикоят дорад .