Октябр 16, 2020 19:45 Asia/Dushanbe
  • Роберт Мердок, муассиси Фокс Нюс
    Роберт Мердок, муассиси Фокс Нюс

Роберт Мердок, муассиси “Фокс нюс” пешбинӣ кард, ки Ҷо Байден, номзади демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пирӯз хоҳад шуд.

Торнамои “Дейли бист” панҷшанбешаб ба нақл аз се манбаи огоҳ навишт: Роберт Мердок, ки аз амалкарди Трамп дар муқобила бо корона норозӣ аст, гуфт, ки душмани раисиҷумҳурии Амрико худаш аст ва ба тавсияҳои дигарон дар мавриди муқобила бо корона гӯш намедиҳад.

Мердок ҳамчунин гуфт, ки Трамп буҳрони бепоёне барои давлати Амрико эҷод мекунад.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ки Трамп ва Мердок, муассиси “Фокс нюс” дар ҳафтаҳои ахир бо якдигар суҳбат накардаанд, зеро Мердок аз интиқодҳои раиси ҷумҳурии Амрико аз шабакаи “Фокс нюс” хаста шудааст.

Бар асоси ин гузориш, Мердок инак ба ин натиҷа расида, ки Байден раиси ҷумҳурии баъдии Амрико хоҳад буд ва ба яке аз наздиконаш гуфтааст: Мардум барои Ҷои хоболуд омода ҳастанд.

Дӯстони Мердок мегӯянд, ки вай ҳаргиз Трампро ҷиддӣ нагирифтааст ва наздикии онҳо сирфан ба хотири масоили тиҷорӣ аст.

Лендси Гроҳом, сенатори ҷумҳурихоҳи наздик ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико низ гуфт, демократҳо бахти хубе барои роҳёбӣ ба Кохи Сафед доранд.

Амалкарди заифи Трамп дар муқобила бо вируси корона ва ҳимоят аз саркӯби тазоҳуроти зиддинажодпарастӣ муҷиби норизоятии аксари амрикоиҳо шудааст.

 

Барчасп