Октябр 29, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Русия аз интишори карикатураи таҳқиромез алайҳи Паёмбари ислом (с) интиқод кард
    Русия аз интишори карикатураи таҳқиромез алайҳи Паёмбари ислом (с) интиқод кард

Сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия бо интиқод аз интишори карикатураи таҳқиромез алайҳи Паёмбари ислом (с) тавҳин ба ақоиди мазҳабиро ғайри қобили қабул хонд.

 Ба гузориши хабаргузории " Риа новости",  сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия "Дмитрий Песков"  рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар вокуниш ба афзоиши хушунат бар асари интишори карикатури таҳқиромез дар мавриди Паёмбари ислом ( с ) дар Фаронса бар лузуми худдорӣ аз иқдомоти тавҳиномез таъкид кард.

Песков афзуд тавҳин ба муқаддасоту ақоиди мӯъминин ва ҷариҳадор кардани эҳсосоти онҳо ғайриқобили қабул аст.

Пас аз қатли Самуэл Патӣ, як омӯзгори фаронсавӣ, ки ба шогирдонаш карикатураҳои таҳқиромезро дар бораи Паёмбари гиромии Ислом нишон дод, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон мусалмононромасъули қатли ӯ муаррифӣ кард ва изҳор дошт, ки мусалмонон ният доранд ин кишварро нобуд кунанд. 

Макрон ҳамчунин дар изҳоротии вақеҳона эълом кард, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатурҳои таҳқиромез алайҳи Паёмбари гиромии ислом ( с ) идома хоҳад дод.

Ин изҳороти исломситезонаи Макрон бо интиқодҳо ва маҳкумиятҳои густардаи мардуми мусулмон, мақомҳо ва шахсиятҳои ҷавомеи исломӣ дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.

Дар Маскав, пойтахти Русияи иҷтимоӣ дар маҳкумияти интишори тасовири таҳқиромези зиддиисломӣ дар баробари сафорати  Фаронса баргузор шуд.


Бештар бихонед :

Барчасп