Октябр 31, 2020 14:04 Asia/Dushanbe
  • Сулҳи амрикоӣ ва набуд оромиш барои мардуми Афғонистон
    Сулҳи амрикоӣ ва набуд оромиш барои мардуми Афғонистон

Давлати Амрико ба рағми таблиғоти фаровон ва иддаои талош ҷиҳати истиқрори сулҳу сабот дар Афғонистон нишон дод, ки танҳо ҳадафи ин кишвар аз тавофуқҳои дуруғин, наҷоти ҷони низомиёни амрикоӣ аст ва мардуми Афғонистон ва сулҳу оромиши онҳо ҷое дар рӯйкарди давлатмардони ин кишвар надорад.

Ба гузориши ИРНА, Амрико ва гуруҳи Толибон 29 феврали 2020 тавофуқномаи сулҳеро имзо карданд, ки ба гуфтаи Зулмо Халилзод- намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Толибон таи он мутаъаҳҳид шуда буданд хушунатҳоро коҳиш дода ва робитаи худро бо гуруҳи террористии Алқоъида қатъ кунанд, ки имрӯз ҳар дуи ин таъаҳҳудот зери по гузошта шуд. Аз суи дигар паҳлуҳои пинҳонии ин тавофуқнома дар Афғонистон ва ҳаминтавр кишварҳои минтақа нигарониҳоеро эҷод кардааст. Зулмо Халилзод пас аз имзои тавофуқи Амрико бо гуруҳи Толибон дар сафаре ба Кобул ва дар мусоҳибае бо хабаргузории Тулӯъ-Ниюзи Афғонистон гуфта буд, ки Толибон ба марказҳои 34 вилояти ин кишвар ҳаргиз ҳамла намекунанд ва хушунатҳоро низ ба сурати қобили мулоҳизае коҳиш хоҳанд дод. Аммо ҳамлаи таркишӣ бо худрави бомбгузоришуда дар шаҳри Фирӯзкӯҳ маркази вилояти  Ғур дар 18 октябри 2020, ки таи он 12 нафар кушта ва 100 тани дигар захмӣ шуданд ва ҳамла ба шаҳри Лашкаргоҳ маркази вилояти Ҳилманд, ки дар он низ беш аз 35 ҳазор нафар маҷбур ба тарки манозили худ шуданд, намунаи дигаре аз дуруғин будани сулҳи амрикоӣ аст.

Ҳамчунин ҷумъаи гузашта як муҳоҷими таркишӣ як маркази омӯзишӣ дар шаҳри Кобулро ҳадаф қарор дод, ки таи он 30 донишомӯз кушта ва 70 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамла бо худрави бомбгузоришуда ба шаҳри Хуст маркази вилояте ба ҳамин ном, ки дар он низ беш аз 37 нафар кушта ва захмӣ шуданд, идомаи сулҳи амрикоӣ ва куштори мардуми бегуноҳи Афғонистон аст.

Аз сӯи дигар, кушта шудани яке аз аъзои раҳбарии Алқоъида дар ҳамлаи нерӯҳои Амнияти миллии Афғонистон дар шаҳристони Андари вилояти Ғазнӣ бо чанд тани дигар нишон медиҳад раҳбарони Алқоъида ҳануз ҳам канори Толибон ҳузур доранд ва дар ҳоли ҳамкорӣ бо якдигар ҳастанд.

Ноумедии мардуми Афғонистон аз сулҳи амрикоӣ

Вуқуъи ҳаводиси ахир муҷиб шудааст мардум ва давлати Афғонистон кучактарин умеде ба сулҳи амрикоӣ надошта бошанд. Ҳатто намояндаи Амрико дар умури Афғонистон низ аз шикасти гуфтугӯҳо сухан гуфтааст. Ба гузориши Тулӯъ-Ниюз, Халилзод дар оғози сафари худ ба минтақа бо ибрози ноумедӣ аз музокироти сулҳ эълом кардааст, ки ман бо ноумедӣ ба минтақа баргаштам ва даричаи дастёбӣ ба тафоҳуми сиёсӣ барои ҳамеша боз нахоҳад буд. Вай дар Твиттери худ навиштааст, ки созишнопазирӣ ва имтиноъ аз тарки хусумату адами ҳамкории сиёсӣ, заминасози ҷанг аст.

Дар ҳамин ҳол Гулаҳмад Нурзод- узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон низ гуфт, ки мардум аз сулҳи амрикоӣ ноумед шудаанд ва афзоиши рӯзафзӯни куштору ҳамлаҳои беамон алайҳи мардуми бегуноҳ, ҳаргуна сулҳеро бо хатар рӯ баа рӯ кардааст.

Масъуд Андаробӣ- сарпарасти Вазорати умури дохилаи Афғонистон низ дар паи ҳамлаҳои ахир дар вилоятҳои Ғур, Ҳилманд, Кобул ва Хуст гуфтааст, ки фурсат барои сулҳ дар ҳоли аз даст рафтан аст ва нерӯҳои давлатӣ ба ҳамлаҳо посух хоҳанд дод.

Раҳматуллоҳ Набил- раиси собиқи Идораи амнияти миллии Афғонистон ва яке аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузаштаи ин кишвар низ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки сулҳи ниёбатӣ дар Афғонистон ба сӯи марҳилаи хатарноке дар ҳаракат аст ва баҳои сангине ба дунбол хоҳад дошт.

Гузориши ахири Созмони Миллали Муттаҳид низ нишон медиҳад, ки дар сояи сулҳи амрикоӣ танҳо таи чанд ҳафтаи ахир 400 нафар дар ин кишвар бар асари ҳамлаҳои таркишӣ ва таркиши бомбҳои канори ҷодаӣ ҷон бохта ва ё захмӣ шудаанд.

Дар гузориши Юнама омадааст, ки оғози раванди гуфтугӯи сулҳи Доҳа низ таъсире бар коҳиши талафоти ғайринизомиён надоштааст.

Амрикои‌ҳо ҳамвора аз номи сулҳ, ҳуқуқи башар ва мубориза бо терроризм барои расидан ба аҳдофи худ истифодаи абзорӣ кардаанд ва акнун иддаои дуруғини онҳо дар мавриди мубориза бо терроризм ва сулҳ дар Афғонистон барои ҳамагон ошкор шудааст.

Сулҳе, ки имрӯз амрикоиҳо дар Афғонистон ба дунболи он ҳастанд низ дар ростои ҷамъоварӣ  ва пур кардани сандӯқи овози Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико аст ва бидуни шубҳа бо пушти сар гузоштани интихоботи Амрико, тағйироте дар раванди он ба вуҷуд хоҳад омад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп