Ноябр 01, 2020 15:01 Asia/Dushanbe

Як бабр ва як хирс дар боғи ваҳше дар Русия пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро пешбинӣ карданд.

Масъӯлони як боғи ваҳш дар Красноярски Русия, ду ҳиндивона(тарбуз)-ро, ки бар рӯйи онҳо чеҳраҳои Ҷо Бойден, номзади демукротҳо ва Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 Амрико кашида шуда будро ҷилави як бабр ва як хирс гузоштанд.

Интихоби ҳар кадом аз ин ҳиндивонаҳо ба маънои пешгӯии ин ду ҳайвони даранда дар бораи натиҷаи интихоботи Амрико буд.

Пешгӯии Трамп: Ҷо Бойден террор мешавад + филм

Дар ин пешгӯӣ бабр, ҳиндивонаи Доналд Трампро интихоб кард ва хирс, шурӯ ба хӯрдани ҳиндивонаи Ҷо Бойден кард.

Албата хирс пас аз хӯрдани ҳиндвонаи Бойден, ҳиндвонаи Трампро ҳам хӯрд.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2016 дар ҳамин боғи ваҳш мусобиқаи пешгӯӣ баргузор шуда буд, ки ҳайвонот Ҳилларӣ Клинтонро ба унвони баранда муаррифӣ карда буданд.

Интихоботи раёсатҷумҳӯрии Амрико сеюми ноябр баргузор мешавад.

 БЕШТАР БИХОНЕД:

Тозатарин пешгӯии кишиши амрикоӣ дар бораи замони поёни дунё

 Пешгӯи матраҳи таърихи интихоботи Амрико: Трамп аз Бойден шикаст мехӯрад

Нигаронии аксари раъйдиҳандагони амрикоӣ дар бораи напазируфтани натоиҷи интихобот аз сӯи Трамп

 

 

Барчасп