Ноябр 03, 2020 22:24 Asia/Dushanbe
  • Озарбойҷон баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи Қарабоғро одилона хонд
    Озарбойҷон баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи Қарабоғро одилона хонд

Муовини вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар тамос бо сафири Эрон дар Боку, аз баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи муноқишаи Қарабоғ қадрдонӣ кард.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сафири Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи сешанбе дар твите навишт: “Ба дунболи баёноти имрӯзи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси буҳрони Қарабоғ, Халаф Халафов, муовини вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар тамоси телефонӣ, маротиби қадрдонии давлат ва миллати ҷумҳурии Озарбойҷонро аз ин баёноти муҳим ва одилона эълом ва бар дӯстиву бародарии ду кишвари ҳамсоя таъкид кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон имрӯз (сешанбе) дар суханронии телевизионӣ ба муносибати валодати паёмбари гиромии Ислом (с) ва имом Содиқ (а), ба ҷанги ахири миёни Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон ишора ва таъкид карданд, ки ин даргирии низомӣ бояд ҳар чӣ зудтар тамом шавад. Албатта ҳамаи сарзаминҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ки ба василаи Арманистон тасарруф шуда, бояд озод шавад ва ба Озарбойҷон баргардад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо таъкид бар лузуми ҳифзи амнияти арманиҳо дар ин сарзаминҳо ва риояти марзҳои байналмилалӣ аз ҷониби ду тараф афзуданд: Террористҳое, ки барасоси гузоришҳои қобили итминон вориди минтақа шудаанд, набояд ба ҳеч ваҷҳ наздики марзи Эрон шаванд ва агар наздики марз шаванд, қатъан бо онҳо бархурди қотеъ хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ бо якдигар ихтилофоти деринае доранд.

Даври ҷадиди ин даргириҳо, ки аз 27 сентябр оғоз шудааст, ҳамчунон идома дорад.

 

Бештар бихонед: