Мақоми порлумонии рус: Дар интихоботи Амрико демокрасӣ бозанда буд
Раиси Кумитаи байналмиллалии Маҷлиси федерали Русия, натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро бохти демокрасӣ донист.
Ба гузориши ИРНА, Константин Касатчов- раиси Кумитаи байналмиллалии Маҷлиси федерали Русия имрӯз панҷшанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико вуҷуди дудастагии шадид дар ин кишварро нишон дод, ки на фақат байни нухбагони сиёсии ин кишвар балки дар байни шаҳрвандони оддии амрикоӣ низ вуҷуд дорад.
Ин мақоми парлумонии рус афзуд: Рақобати Трамп ва Бойден ҳануз номзади пирӯз дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро нишон надодааст ва ҳечгуна осори мудохилаи хориҷӣ дар ин интихоботро ҳам ошкор накард.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, сеюми ноябр баргузор шуд.
Бар асоси охирин гузоришҳо, Бойден дар овози “Электрол колеҷ” аз Трамп пеш афтодааст.
Бештар бихонед: