Ноябр 08, 2020 17:51 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи собиқи Департаменти давлатии ИМА: Эҳтимол дорад, ки Трамп зиндонӣ шавад
    Сухангӯи собиқи Департаменти давлатии ИМА: Эҳтимол дорад, ки Трамп зиндонӣ шавад

Сухангӯи пешини Вазорати хориҷаи Амрико аз эҳтимоли зиндонӣ шудани Доналд Трамп пас аз поёни раёсати ҷумҳуриаш хабар дод.

Рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо Ал-Арабия Адам Эрли гуфт: "Эҳтимоли ба зиндон афтодани Доналд Трамп вуҷуд дорад, зеро вай бо якчанд парвандаҳо барои ҷиноятҳои пеш аз раёсати ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Эрлӣ хотирнишон кард иттиҳомотҳои фаровоне. аз ҷумлаи " таҷовузи ҷинсӣ " ва " фирори молиётӣ " алайҳи Трамп матраҳ аст.

Шаби шанбе расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла «Си Эн Эн», «Фокс нюз», «Си Би Си», « Ассошиэйтед Пресс » ва «Ню-йЙорк Таймз» бо баёни ин ки Байден тавониста ба 290 раъйи электрол даст пайдо кунад, ӯро пирӯзи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико эълом карданд.

Баъд аз он Трамп бо судури баёнияе зимни напазируфтани пирӯзии рақиби Демократи худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, муддаӣ шуд ва дар ҳеч иёлате пирӯз нашуда ва интихоботи фосилаи зиёдӣ бо поён дорад.

Барчасп