Ноябр 11, 2020 21:08 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандии 8 донишҷӯе, ки аз Русия ихроҷ карда шудаанд, маълум нест
    Шаҳрвандии 8 донишҷӯе, ки аз Русия ихроҷ карда шудаанд, маълум нест

Масъулони Хадамоти федеролии амнияти Русия аз ихроҷи ҳашт донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Красноярски Сибир бо иттиҳоми пуштибонӣ аз гурӯҳи мамнӯи Ансоруллоҳ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гурӯҳи мавсум ба ҷамоати Ансоруллоҳ, ки теъдоде аз атбои Тоҷикистон аъзои он ҳастанд дар Афғонистон ва Покистон фаъолият мекунад ва бо Толибон ҳамкории наздик дорад ва фаъолияти ин гурӯҳ ба унвони созмони террористӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Хадамоти федеролии амнияти Русия бо судури баёнияе эълом кард, ки ин донишҷӯён бо баргузории ҷаласоте аз фаъолиятҳои ин созмони террористӣ ҳимоят ва бо бархе аз намояндагони он  дар хориҷ иртибот барқарор карда буданд.

 

Гуфта мешавад, ки ин ҳашт донишҷӯ ба кишварҳои худ истирдод шудаанд ва маъмурони амният иртиботи онҳоро бо гурӯҳи террористӣ таҳқиқ хоҳанд кард.

Дар ин баёния ба миллияти ин донишҷӯён ишорае нашудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп