Ноябр 12, 2020 19:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши додситони ҷумҳурихоҳи иёлати Аризона ба иддаои интихоботии Трамп

Додситони ҷумҳурихоҳи иёлати Аризона, иддаои раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи вуқӯи тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро нодуруст донист.

Додситони ҷумҳурихоҳи  иёлати Аризона Марк Бенович, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Фокс Нюз гуфт: бахше аз раъйдиҳандагон дар ин иёлот ба ҷумҳурихоҳон раъй доданд, аммо раиси ҷумҳурии кунунӣ Доналд трампро интихоб накарданд ва ин масъала, далеле ест, ки нишон медиҳад тақаллубе рӯй надодааст.

Бернович илова кард, ки баъзе участкаҳои интихоботӣ дар Аризона, ки гумон мекарданд, ки тарафдори демократ буданд, низ ба тарафдории ҷумҳурихоҳон овоз доданд.

Ба гуфтаи додситони ҷумҳурихоҳи иёлати Аризона : тавтеаи бузург рӯй надодааст.

"Ҷо Байден дар интихобот пирӯз шуд ва мо ҳеҷ далеле барои тақаллуби интихоботи иёлотро наёфтем" гуфт додситони ҷумҳурихоҳи Аризона.

Ҷо Байден номзади ҳизби Демократ, дар шумориши овозҳои иёлати Аризона аз трамп пеш афтодааст.

Рӯзи шанбеи гузашта, расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла CNN, Fox News, CBS, Associated Press ва The New York Times хабар доданд, ки номзади демократҳо Ҷо Байден 290 раъйи электроли интихобкунандагонро ба даст овардааст. Ӯро пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико муаррифӣ карданд.

Баъдтар Трамп бо пахши як изҳорот пирӯзии рақиби демократашро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рад кард ва эълом дошт, ки ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард, то ба гуфтаи ӯ, "тақаллуби калони интихобот" -ро қатъ кунад.

Трамп муддаӣ шудааст Байден дар ҳеҷ иёлате пирӯз нашуда ва интихобот фосилаи зиёде бо поён дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп