Марги саркардаи Алқоида
-
Айман Аз-Завоҳирӣ (Ayman al-Zawahiri) баъд аз Усома бин Лодан раҳбарии Алқоидаро бар ӯҳда гирифт
Расонаҳо аз эҳтимоли «марги табии»-и саркардаи гурӯҳаки террористии Алқоида хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеи хабарӣ ҷумъашаб гузориш доданд, ки сафаҳоти мутааллиқ ба аъзои ин гурӯҳак дар Фейсбук хабари марги Айман Аз-Завоҳириро эълом кардаанд ва бархе низ муддаӣ шудаанд, ӯ ба марги табиӣ мурда аст.
Айман Аз-Завоҳирӣ баъд аз кушта шудани Усома бин Лодан, муассис ва саркардаи Алқоида дар Афғонистон, саркардагии ин гурӯҳакро бар ӯҳда гирифт.
Дар сӯрати сиҳҳати хабари марги ӯ, ба эҳтимоли зиёд ин гурӯҳак саркардаи ҷадиде барои худ интихоб хоҳад кард.
Полиси федероли Амрико ду сол пеш эълом кард, ки барои муқобила бо такрори ҳаводиси ёздаҳи сентябр ба касоне, ки дар боздошти саркардаҳои Алқоида кумак кунанд, 5 миллиондоллар эъто хоҳад кард.
Айман Аз-Завоҳирӣ, пизишки мисрӣ мутаваллиди 1951 аст, ки ба унвони нафари дувуми шабакаи Алқоида дар иртибот бо ҳамалоти террористии бисёре дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла бомбгузориҳои 1998 дар сафоратхонаҳои Амрико дар Танзания, Кениё ва ҳамлаи 11 сентябри 2001 таҳти пайгарди байналмилалӣ аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Фаъолияти махфиёнаи шабакаи террористии Алқоида дар Афғонистон
- Ҷузъиёти тоза аз амалиёти куштани Усома бин Лодан