Ихтирои ниқобе, ки 90% вируси коронаро мекушад
(last modified Sat, 14 Nov 2020 13:10:18 GMT )
Ноябр 14, 2020 18:10 Asia/Dushanbe
  • Маскае, ки муҳаққиқони англис истеҳсол мекунанд, 90% коронавирусҳоро мекушанд
    Маскае, ки муҳаққиқони англис истеҳсол мекунанд, 90% коронавирусҳоро мекушанд

Як муҳаққиқи бритониёӣ як ниқоби панҷқабатаи ҷарроҳиро ихтироъ кардааст, ки дар он як қабати нанозарраҳои мис мавҷуданд ва то 90% вируси коронаро нобуд мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Дейли мил, пизишкони англисӣ то поёни имсол аз ин ниқобҳои вижа, ки 90 дарсади вируси коронаро дар камтар аз як соат аз байн мебаранд, истифода хоҳанд кард.

Ин ниқоб дорои як лояи нанозарроти мис аст, ки миёни ду лояи филтер ва ду қабати зидди об қарор мегирад.

Антивируси қабати мисии ин ниқоб вирусҳоро мекушад, ки дар қабатҳои филтр мечаспанд.

Намунаҳои аввалияи ин ниқоб охирҳои ноябри ҷорӣ тавлид хоҳанд шуд ва моҳи декабр ба бозор арза мешаванд. 

Ин ниқоби илова бар ин ки метавонад 90 дарсади вирусҳои коронаро дар камтар аз як соат аз байни бибарад, 99, 98 дарсади зарроти мавҷуд дар ҳаворо низ филтер мекунад.

Бештар бихонед: