Ноябр 16, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Трамп Ҷон Болтонро аблаҳтарин фарди давлаташ хонд
    Трамп Ҷон Болтонро аблаҳтарин фарди давлаташ хонд

Доналд Трамп мушовири собиқи амнияти миллии худ Ҷон Болтонро, ки соли гузашта барканор шуда буд, беақлтарин чеҳраи маъмурияташ номид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Раиси Ҷумҳурии феълии Амрико Доналд Трамп чанд соат пеш аз изҳороти Ҷон Болтон дар мусоҳиба бо ABC нюз алайҳи вай, дар саҳифаи Твиттерии худ навишт: "Ҷон Болтон яке аз кундзеҳнтарин афрод дар давлате буд, ки ман ифтихори кор бо он (давлат)-ро доштам."

Трамп Болтонро фарде сокит ва аҳмақ тавсиф кард ва гуфт: "Ӯ ҳеҷ чизе ба амнияти миллӣ изофа накард, биёед ҷанг кунем."

Трамп ҳамчунин бо ишора ба ифшогариҳои Болтон дар китобаш дар бораи ӯ ва Кохи сафед афзуд: "Ӯ ҳамчунин ба сурати ғайриқонунӣ иттилооти маҳрамонаи зиёдеро мунташир кард. Як аблаҳи ҳақиқӣ!"

 

Болтон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи  ABC  нюз зимни таъкид бар шикасти Трамп дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико, дар бораи ҳошияҳои интихобот ва ба хиёбон омадани тарафдорони Трамп гуфта буд: "Фикр мекунам муҳим аст, ки раҳбарони ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба раъйдиҳандагони мо, он гуна, ки Демократҳо фикр мекунанд, аҳмақ нестанд - тавзеҳ диҳанд, ки дарвоқеъ Трамп дар интихобот бохтааст ва иддаоҳояш дар бораи тақаллуб дар интихобот беасос аст."

Китоби ҷанҷолии мушовири пешини амнияти миллии Кохи сафед дар бораи масоили дохилӣ ва сиёсати хориҷии Амрико, ки тобистони имсол мунташир шуд, ҷанҷоли зиёде барпо кард ва  вокуниши шадиди Трампро низ ба думбол дошт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп